- Саҳифаи асосӣ
- Паёмҳо
- 24 июни соли 2026
Шаби чоруми маросими азодории моҳи Муҳаррам дар Зайнабия, дар ҷавори маҳалли урӯҷи малакутии Пешвои шаҳиди Инқилоби исломӣ
Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ
Дар ин маросим, ки имсол аз ҷониби Ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ баргузор мегардад, Ҳуҷҷатулислом Алӣзода дар суханронӣ шинохтани нақшаҳои душман ва тасмими дуруст ва иқдоми саривақтӣ дар баробари онро вижагии мумтози Раҳбари ҳаким ва шаҳиди Инқилоб хонд.
Дар идомаи ин маросим ҷаноби Маҳмуди Каримӣ дар рисои Сайид ва Солори шаҳидон Ҳазрати Абоабдуллоҳ ал-Ҳусайн (алайҳис-салом) ва ёрони бовафояш марсиясароӣ кард ва ба ёди Пешвои шаҳиди Инқилоби исломӣ ва шаҳидони волоимақоми Дифои муқаддаси дуюм ва сеюм шеърхонӣ ва навҳасароӣ кард.