- Саҳифаи асосӣ
- Паёмҳо
- 12 июли соли 2026
Маросими бузургдошти Имоми муҷоҳиди шаҳид дар Мусаллои Теҳрон аз ҷониби Раҳбари Инқилоб; сешанбе, 23 Тир 1405
Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ
Дафтари Раҳбари муаззам дар эъломияе аз баргузории маросими бузургдошти Қоиди шаҳиди уммат дар Теҳрон аз ҷониби Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ хабар дод.
Матни ин эъломия ба шарҳи зер аст:
بسم الله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
مِنَ الْمُؤْمِنِينَ رِجَالٌ صَدَقُوا مَا عَاهَدُوا اللَّهَ عَلَيْهِ فَمِنْهُمْ مَنْ قَضَىٰ نَحْبَهُ وَمِنْهُمْ مَنْ يَنْتَظِرُ وَمَا بَدَّلُوا تَبْدِيلًا.
Аз миёни мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба аҳде, ки бо Худо бастанд, вафо карданд; баъзе аз онҳо паймони худро ба анҷом расонданд ва баъзе дигар дар интизоранд ва ҳеҷ тағйире дар аҳди худ надоданд. (Қуръон, Аҳзоб 33:23)
Бо салому салавот ба пешгоҳи Ҳазрати Валийи Аср (Худованди таъоло фараҷи шарифашро наздик гардонад), бо таслияти айёми сӯгвории Ҳазрати Абоабдуллоҳ-ал-Ҳусайн (алайҳис-салом) ва ёрони бовафои эшон, бо таъзияти муҷаддад ба муносибати шаҳодати Қоиди азимушшаъни Инқилоби исломӣ Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сайид Алии Ҳусайнии Хоманаӣ «قَدَّسَ اللهُ نفسَهُ الزَّکیة» (Худо рӯҳи покашро муқаддас гардонад) ва аъзои хонаводаи азизи эшон ва ҳамчунин бо хузӯъ ва хушӯъ дар баробари азамат ва шукӯҳи таърихии миллати мабъусшуда дар бадрақаи Оқои шаҳиди Эрон, ба иттилои дилдодагони Имоми муҷоҳиди шаҳид мерасонад, ки маросими бузургдоште аз ҷониби Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ Ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ «مُدَّ ظلُّهُ العالی» (сояи олиаш пойдор бод) рӯзи сешанбе, 23 Тир 1405, аз соати 17:00 то 19:00 дар шабистони Мусаллои Имом Хумайнии (раҳматуллоҳи алайҳ) Теҳрон баргузор хоҳад шуд.
Бешак ҳузури мардуми азодор ва мабъусшуда дар ин маросим таъкиди дубора бар аҳду паймони ногусастанӣ барои идомаи роҳи Хоманаии шаҳид ва байъати муҷаддад бо халафи солеҳи он Имоми шаҳид хоҳад буд.
Дафтари Раҳбари муаззам, 21 тири 1405