1. Саҳифаи асосӣ
  2. Паёмҳо
  3. 16 августи соли 2026

Маросими бузургдошти чиҳили «Оқои шаҳиди Эрон» дар Теҳрон, Қум ва Машҳад

Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ

Дафтари Раҳбари Инқилоби исломӣ ба муносибати чиҳилумин рӯзи тасйиъ ва дафни пайкари Оқои шаҳиди Эрон бо интишори эъломияе аз баргузории маросими бузургдошти Раҳбари шаҳид Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сайид Алии Ҳусайнии Хоманаӣ дар Теҳрон, Қум ва Машҳад хабар дод.

Матни комили эъломияи Дафтари Раҳбари Инқилоби исломӣ:

بسمه‌تعالی
Ба номи Худои таъоло

Ҳамзамон бо айёми чиҳилумин рӯзи тасйиъи таърихӣ ва дафни пайкари мутаҳҳари Оқои шаҳиди Эрон, маросими бузургдошти он Раҳбари азимушшаън ва хонаводаи эшон аз ҷониби Ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ, дар Теҳрон, Қум ва Машҳад баргузор мешавад.

Маросими бузургдошти Пешвои шаҳид Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сайид Алии Ҳусайнии Хоманаӣ ба ин тартиб баргузор хоҳад шуд:

Теҳрон: сешанбе, 27 Мурдод, соати 17:00–19:00, дар шабистони Мусаллои Имом Хумайнӣ (раҳматуллоҳи алайҳ).

Қум: чаҳоршанбе, 28 Мурдод, пас аз намози шому хуфтан, дар ҳарами Ҳазрати Фотимаи Маъсума (саломуллоҳи алайҳо).

Машҳади муқаддас: панҷшанбе, 29 Мурдод, ҳамзамон бо шаби шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ (алайҳиссалом), пас аз намози шому хуфтан, дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ.

Аз мардуми қадршиноси Эрон барои ширкат дар маросими бузургдошти Раҳбари шаҳид даъват ба амал меояд.

Ҳузури пуршӯр ва густурдаи умуми эрониён ва дилбохтагони ду Имоми Инқилоб дар маросими бузургдошти чиҳили Пешвои шаҳид байъати дубора бо раҳбарии муаззами Инқилоби исломӣ ва таъкиди муҷаддад бар идомаи роҳи Оқои шаҳиди Эрон хоҳад буд.

Дафтари Раҳбари Инқилоби исломӣ