- Саҳифаи асосӣ
- Паёмҳо
- 10 августи соли 2026
Таъйини генерал-майори Сипоҳ Мустафо Изадӣ ба вазифаи ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон
Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ
بسم الله الرحمن الرحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Сардор, генерал-майори Сипоҳи посдорон Мустафо Изадӣ
Бо назардошти ӯҳдадорӣ, шоистагӣ ва таҷрибаҳои арзандаатон ва бо пешниҳоди фармондеҳи кулли Сипоҳ, шуморо ба вазифаи ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ таъйин мекунам.
Иҷрои нақши ҷиҳодӣ дар баланд бардоштани сатҳи омодагиҳои созмонӣ, бо тақсими нақш ва рисолат мутобиқи тадбирҳои фармондеҳи кулли Сипоҳ, интизор меравад.
Умед аст, ки бо иноятҳои илоҳӣ ва дар зилли дуоҳои пурхайру баракати сарвари мо (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳу-ш-шариф) тавфиқоти бештар ва ҳар гуна фатҳу зафар насиби ҳамаи нерӯҳои мусаллаҳи низоми исломӣ гардад.
Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ