1. Саҳифаи асосӣ
  2. Паёмҳо
  3. 11 ноябри соли 2026

Паёми тасаллият дар пайи даргузашти нависандаи инқилобӣ Мансур Анварӣ

Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ

بسم اللّه الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Даргузашти ҷаноби Мансур Анварӣ, нависандаи мутаъаҳҳид ва инқилобӣ, боиси таассуф гардид.

Он марҳум бо офаридани осори мутааддид, аз ҷумла романи дувоздаҳҷилдаи «Ҷоддаи ҷанг», ки мавриди таваҷҷуҳ ва таҳсини Имоми муҷоҳиди шаҳид қарор гирифт, дайни худро ба Инқилоби исломӣ адо кард.

Инҷониб ҳамзамон бо арзи тасаллият ба хонаводаи эшон ва ҷомеаи адабии кишвар, аз даргоҳи Худованди мутаол барои он марҳум омурзиш, мағфират ва аҷри илоҳӣ масъалат мекунам.

Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, 20 обони 1405