1. Саҳифаи асосӣ
  2. Паёмҳо
  3. 26 июли соли 2026

Номаи байъати Дабиркул ва размандагони Ҳизбуллоҳи Лубнон бо Раҳбари Инқилоби исломӣ

Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ

Дабиркул ва размандагони Ҳизбуллоҳи Лубнон тайи номае, ҳамзамон бо арзи таслияти шаҳодати Раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ, бо Раҳбари муаззами Инқилоб, Ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Хоманаӣ байъат карданд. Матни комили ин нома ба ин шарҳ аст:

بسم‌اللّه‌الرّحمن‌الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Сипос ва ситоиш Худовандеро, ки мӯъминонро иззат мебахшад ва ситамгаронро хор мегардонад; Ҳамон ки зиндагии моро ҷиҳод ва заминасозӣ [барои зуҳур] қарор дод ва марги моро шаҳодат дар роҳи хеш ба дасти бадтарин офаридагонаш рақам зад. Дуруду салом бар Расули Худо Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва бар итрати пок ва муборакаш; ва Худованд фараҷи шарифашонро таъҷил фармояд, дар ҳоле ки мо дар хайру офият бошем.

Худои мутаъол мефармояд: «يا اَيُّهَا الَّذينَ آمَنوا اَطيعُوا اللّهَ وَ اَطيعُوا الرَّسولَ وَ اُولِی الاَمرِ مِنكُم»
Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо итоат кунед ва аз Пайғамбар ва улуламри худ итоат кунед. (Қуръон, Нисо 4:59)

Аммо баъд; Сайиди мо, Ҳазрати Имом, Раҳбар ва Валии фақеҳ, Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Хоманаии азиз, ки ҷони мо ба фидоятон бод! «سلام علیکم و رحمة اللّه و برکاته» (Салом ва раҳмат ва баракоти Худо бар шумо бод).

Мо, фарзандон ва бародарони шумо, хоманаиёни Ҳизбуллоҳ – Муқовимати исломӣ дар Лубнон – ин номаро ба ҳузуратон мефиристем, дар ҳоле ки дилҳоямон саршор аз умед ва лабрез аз орзу аст, ки дар ниҳояти хайру офият бошед ва дар ҳисни устувор ва ҳифозати мутмаинни илоҳӣ маҳфуз бимонед.

Дар оғоз, шаҳодати падари валӣ ва шаҳидамонро ба шумо табрик мегӯем; шаҳодате, ки бо он даҳаҳо сол ҷиҳод ва раҳбариро ба поён расонд, дар ҳоле ки илм ва амалро дар вуҷуди хеш ҷамъ карда буд ва дарҳои бахшиш ва аторо ба унвони фақеҳи ориф, андешманди қуръонӣ ва раҳбари мавриди таъйиди илоҳӣ кушода буд, то он ки ҳамонанди ҷадди каррораш ба дасти Ибни Мулҷамҳои ин рӯзгор ба шаҳодат расид.

Ҳамчунин, шаҳодатҳо, ҷароҳатҳо ва фидокориҳои бародарон, хоҳарон, фарзандон ва духтарони шумо аз фидоиёни ин уммат дар ҷабҳаи муқовимат, бавижа фарзандони сарзамини азизатон Эрони исломиро ба шумо табрик мегӯем ва аз даргоҳи Парвардигор масъалат дорем, ки шаҳидонро мушмули раҳмати хеш гардонад, ба маҷрӯҳон шифои оҷил ато фармояд ва ба хонаводаҳои онон сабр ва оромиш иноят кунад.

Мо ҳамвора ба Машҳади муқаддас мушарраф шудаем ва аз чашмасори зулоли вилоят дар маҳзари Имоми Рауф (алайҳиссалом) сероб гаштаем ва дар ҳоле ки парчами Ҳусайн (алайҳиссалом)-ро бо дасти ҷиҳод ва заминасозии зуҳур барафроштаем ва аз фосилаи сифр бо душманонамон меҷангем – ки ба маънои «Лаббайк» ва «Ҳайҳот» аст – бо дасти дигар дасти бародарони азизамон, фарзандони Имом Ризо (алайҳиссалом), парваришёфтагони мактаби Имом Хумайнӣ (қуддиса сирруҳ), дорандагони шаҳодатномаи Имом Хоманаӣ (қуддиса сирруҳ) ва барафрозандагони парчами муборакатон, яъне нерӯҳои Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, Басиҷи муқаддас ва ҳар инсони шариф ва озодаеро, ки дар Эрони исломӣ аз насими хуши вилоят баҳраманд аст, ба гармӣ мефишорем; ҳамон касоне, ки дар онон ишқ ва исори Имом Ҳусайн (алайҳиссалом), басират ва фидокории Аббос ва яқин ва вилоятмадории Салмонро мушоҳида мекунем.

Ва акнун, шумо имрӯз парчами Исломи ноби Муҳаммадиро бар дӯш мекашед; ҳамон парчаме, ки Валии шаҳид пас аз Имом Хумайнии азимушшаън онро ба даст гирифт ва ҳамон парчаме, ки рӯзе Имом Ҳусайн (алайҳиссалом) дар Карбало барафрошт, он ҳангом ки танҳо дар баробари анбӯҳи сипоҳиёни душман истод ва бо забони иззат ва сарбаландӣ фарёд зад: «Ба Худо савганд, ҳаргиз ҳамчун хоршудагон дасти байъат ба шумо нахоҳам дод.»

Эй раҳбари мо! Мо аз дили майдони набарде, ки дар он корзори карбалоии хешро алайҳи фиръавнҳои замин пеш мебарем, бо тамоми қудрат ва азм дасти байъат ба сӯи шумо дароз мекунем ва яқин дорем, ки бо ин байъат дар ҳақиқат бо Ҳазрати Ҳуҷҷат (ъаҷҷалаллоҳу таъоло фараҷаҳуш-шариф) байъат мекунем; чаро ки шумо ба ҳақ ноиби ӯ ва ҳуҷҷати ӯ бар мо дар даврони ғайбати кубро ҳастед.

Ва бо шумо паймон мебандем, ки дар ҳамон масири «Каромат» ба пеш равем, дар ҳоле ки барои зуҳур заминасозӣ мекунем ва сабр пеша месозем. Ҳамон гуна ки бо Валии шаҳид будем, бо шумо низ хоҳем буд, бе он ки дар роҳи Худо аз сарзаниши ҳеҷ сарзанишгаре бим дошта бошем. Амонати шаҳидон, маҷрӯҳон, асирон, мафқудон ва хонаводаҳои сабури онон бар гардани мост ва дар дилҳои мо роҳу расми Хоманаии шаҳид ҷорӣ аст; роҳу расме, ки унвони он «иқтидор» ва «эътимод ба Худои мутаъол» аст.

Ва таҳти раҳбарии шумо – ба изни Худои мутаъол – дар майдон пеш хоҳем рафт, дар ҳоле ки парчами Исломро бар асоси ҳидояти Қуръон ва итрат (алайҳимуссалом) бар дӯш мекашем ва хуршеди роҳи мо Ҳазрати Маҳдӣ (ъаҷҷалаллоҳу таъоло фараҷаҳуш-шариф) аст ва пешвоёни мо шаҳидоне ҳастанд, ки дар ин масир бар мо пешӣ гирифтаанд. Дар роҳи ҳидоят ҳаргиз эҳсоси танҳоӣ нахоҳем кард; зеро ки қофилаҳои шаҳидон, маҷрӯҳон, модарон, падарон, ҳамсарон ва ҳамаи фарзандони уммати муқовимат ва ҷабҳаи ҷиҳод ҳамроҳи мо ҳастанд. Мо таҳти раҳбарии Дабиркули худ, ҷаноби муҷоҳид Шайх Наъим Қосим (ҳафизаҳуллоҳ), ба пеш меравем ва ба ваъдаи илоҳӣ дар бораи ворисии замин ва ошкор шудани дини Худо ба раҳбарии Мансури Оли Муҳаммад (алайҳимуссалом) умеди бузурге дорем ва то замоне ки он ваъдаи илоҳӣ таҳаққуқ ёбад, аз мо ҷуз итоат, иродаи пирӯзӣ ва ишқ ба шаҳодат нахоҳед дид. «وَ مَا النَّصرُ اِلّا مِن عِندِ اللّهِ العَزيزِ الحَكيم» (Ва пирӯзӣ ҷуз аз ҷониби Худованди шикастнопазири ҳаким нест.) (Қуръон, Оли Имрон 3:126)

و آخر دعوانا ان الحمد للّه ربّ العالمين
Ва охирин дуои мо ин аст, ки ҳамду сипос Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.

Фарзандон ва бародарони шумо дар Ҳизбуллоҳ – Муқовимати исломии Лубнон