Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ

بسم‌الله الرحمن الرحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҷаноби оқои Ҳусайни Музаффар! Салом алайкум;

Даргузашти волидаи мукаррама ва модари фидокор ва сабури шаҳидони сарафроз Ҳасан, Алӣ ва Ризо Музаффар (ризвонуллоҳи таъоло алайҳим)-ро ба ҷанобатон ва дигар бозмондагони муҳтарам ва хонаводаҳои муаззами шаҳидон ва исоргарон таслият мегӯям.

Ин бонуи гаронқадр ва парҳезгор бо парвариши фарзандоне мӯъмин ва мутаъаҳҳид ба дифоъ аз ҳарими Инқилоби исломӣ ба мақоми рафеи қурби илоҳӣ ноил омадааст. Умед аст, ки рӯҳи мутаҳҳари эшон дар канори арвоҳи покизаи фарзандони шаҳидаш ғарқи раҳмат ва ризвони илоҳӣ гардад.

Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ