1. Саҳифаи асосӣ
  2. Паёмҳо
  3. 31 августи соли 2026

Афв ва сабуксозии ҷазои беш аз 2500 маҳкум ба муносибати зодрӯзи Паёмбари Ислом

Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ

Ҳамзамон бо айёми зодрӯзи фархундаи Ҳазрати Хатмимартабат Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва Имом Ҷаъфари Содиқ (алайҳиссалом) раиси қувваи қазоия дар номае ба Раҳбари Инқилоби исломӣ хостори афв, сабуксозӣ ва табдили ҷазои 2577 нафар аз маҳкумони додгоҳҳои умумӣ ва инқилоб, Созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ ва Созмони таъзироти ҳукуматӣ шуда буд, ки Ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ тасмимгирӣ дар ин хусусро ба уҳдаи раиси қувваи қазоия гузоштанд.

Ҳуҷҷатулислом вал-муслимин Эҷаӣ низ пас аз баррасиҳои лозим дастури иҷрои афв, сабуксозӣ ва табдили ҷазои ин маҳкумонро содир кард.