1. Саҳифаи асосӣ
  2. Паёмҳо
  3. 10 августи соли 2026

Таъйини Ҳуҷҷатулислом вал-муслимин Ҳусайни Тоиб ба вазифаи раиси Созмони Басиҷи мустазъафини Сипоҳи посдорон

Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ

بسم الله الرحمن الرحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳуҷҷатулислом вал-муслимин Ҳусайни Тоиб

Бо назардошти шаҳодати пурифтихор ва сарафрозонаи сардор сарлашкар Ғуломризо Сулаймонӣ ба дасти душмани саҳюнӣ-амрикоӣ ва бо таваҷҷуҳ ба таъаҳҳуд, шоистагӣ ва таҷрибаҳои арзандаатон ва бино ба пешниҳоди Фармондеҳи кулли Сипоҳ, ҷанобатонро ба вазифаи раиси Созмони Басиҷи мустазъафини Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ таъйин мекунам.

Бо таваҷҷуҳ ба иқтизоот ва шароити нави кишвар, таҳаққуқи талаботи зерин бо назардошти тадбирҳои Фармондеҳи кулли Сипоҳ интизор меравад:

1. Амиқ гардонидан ва густариши фарҳанги басиҷ ва муқовимат ба мақсади таҳаққуқи шиори «Ҳар эронӣ – як басиҷӣ» бо истифода аз зарфияти афроди мардуми мабъусшуда ва қишрҳои милюнии ҷонфидо дар росто бо Эрони қавӣ ва муттаҳид ва ҳифзи Инқилоби исломӣ

2. Тақвияти шабакаи иттилооти мардумӣ, афзоиши маҳоратҳо ва омӯзишҳои лозим тавъам бо басиратафзоӣ ва баҳрагирӣ аз фановариҳои навин барои муқобилаи мардумпоя бо таҳдидҳои душман

3. Таомули созанда ва муассир бо дигар ниҳодҳо ва созмонҳои ҳокимиятӣ, давлатӣ ва умумӣ ва густариши гурӯҳҳои ҷиҳодӣ, басиҷи қишрҳо ва маҳаллаҳо ба мақсади рушди хидматрасониҳои иҷтимоии таъсирбахш бо меҳварияти масҷид

4. Тарвиҷи фарҳанги басиҷӣ ҳамчун олгуи муқовимат ва пойдории мардумӣ дар саросари ҷаҳон дар баробари истикбори саҳюнӣ-амрикоӣ

Умед аст, ки таваҷҷуҳот ва дуоҳои сарварамон (ъаҷҷалаллоҳу таъоло фараҷаҳуш-шариф) боиси тавфиқоти рӯзафзуни шумо ва ҳамаи басиҷиёни азиз гардад.

Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ