1. Саҳифаи асосӣ
  2. Паёмҳо
  3. 17 октябри соли 2026

Паёми табрик ба муносибати қаҳрамонии тими миллии гӯштини юнонию румии то 23-сола дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ

Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ

بسم ‌الله الرحمن ‌الرحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Қаҳрамонии тими миллии гӯштини юнонию румии то 23-солаи Эронро дар мусобиқаҳои байналмилалии умедҳои ҷаҳон дар Амрико ба ин қаҳрамонони ифтихорофарин, мураббиёни пурталош ва ҳамаи афроди миллати Эрон табрик мегӯям.

Дурахшиши ҷавонони Ватан, ба эҳтизоз даромадани парчами шавқангези Эрон ва танинандоз шудани суруди миллии Ҷумҳурии исломӣ дар майдонҳои мухталиф партави умедҳои миллат ба ҷавонони худ дар масири таҳаққуқи ояндае дурахшон ва пуршукӯҳ аст.

Дуои хайри инҷониб бадрақаи роҳи ҳамаи ҷавонони Эрони сарафроз бод.

Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ
25 Меҳри 1405