- Саҳифаи асосӣ
- Паёмҳо
- 19 октябри соли 2026
Паёми табрик ба муносибати қаҳрамонии тими миллии гӯштини озоди то 23-сола дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ
Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ
بسم الله الرحمن الرحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Қаҳрамонии тими миллии гӯштини озоди то бисту се солаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дили миллати бузург ва қадршиноси Эронро лабрез аз шодӣ ва ифтихор кард. Ин муваффақият, ки бо касби 9 медали рангоранг ҳамроҳ буд, ҳамчун қаҳрамонии ахири тими умеди гӯштини юнонию румӣ натиҷаи барномарезӣ, мудирият ва талоши бевақфаи мудирон, мураббиёни фидокор ва ҷавонони тавоно ва ғаюри кишвар аст. Ба ин азизон, бахусус ба насли ҷавони қаҳрамони Ватан ва миллати сарафрози Эрон табрик мегӯям.
Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ
27 Меҳри 1405