1. Саҳифаи асосӣ
  2. Паёмҳо
  3. 22 июни соли 2026

Шаби дуюми маросими азодории моҳи Муҳаррам дар Зайнабия, дар ҷавори маҳалли урӯҷи малакутии Пешвои шаҳиди Инқилоби исломӣ

Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ

Дар ин маросим, ки имсол аз ҷониби Ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ баргузор мегардад, Ҳуҷҷатулислом вал-муслимин Сайид Аҳмад Таботабоӣ дар суханронӣ бо мавзӯи «Тарзи муқобилаи ҷабҳаи имон бо ибтилоот» масоибро дар ҷабҳаи ҳақ заминасози иртиқо донист ва гуфт: Дар нақшаи куллии илоҳӣ ҳамаи инсонҳо дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ ба озмоишҳо ва ибтилооти гуногун гирифтор мешаванд, то мизони диндории онҳо маълум гардад ва дар ин чаҳорчӯб Ошӯрои Абоабдуллоҳ (алайҳис-салом) дар қуллаи дин ва инсоният худнамоӣ мекунад, зеро асҳоби он Ҳазрат дар муқобила бо анвои ибтилоот сабурона ва бо басират рафтор карданд.

Ҳамчунин ҷаноби Сайид Маҷид Банифотима дар рисои Ҳазрати Абоабдуллоҳ (алайҳис-салом) ва шаҳидони Карбало зикри мусибат кард ва ба ёди Пешвои шаҳиди Инқилоби исломӣ ва шаҳидони волоимақоми Дифои муқаддаси дуюм ва сеюм навҳасароӣ кард.