Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ

بسم الله الرحمن الرحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ин рӯзҳо тибқи яке аз ривоятҳо бо айёми шаҳодати сарвар ва сайидаи бонувони аҳли биҳишт, Ҳазрати Сиддиқаи Атҳар, Фотимаи Заҳро (салавотуллоҳи ва саломуҳу алайҳо) мусодиф аст. Аҷиб аст маҷҳул мондани замони шаҳодати он ҳазрат; ҳамчунон ки макони бошарафи дафни он нури илоҳӣ пинҳон монда ва дар мартабаи олия қадру манзалати ҳазраташон низ номаълум ва фавқи фаҳми башар аст. Шахсияте намуна дар ибодат, убудият ва бандагии Худо; ва мисоли аъло дар ҳамроҳии хос ва ҳамаҷониба бо Паёмбари Аъзам ва дифои ҷонона аз вилояти Амирулмӯъминин (салавотуллоҳи ва саломуҳу алайҳимо ва олиҳимо), ва дар маърифатомӯзӣ ва таълим, ва дар мавқеъшиносӣ ва қиём барои ҳақ, ва истодагӣ ва табйин; ва намунаи тарози аввал дар сабр ва фидокорӣ ва исор ва хидмати беминнат ва мувосот дар ҷомеа, ва намуна дар ҳамсарӣ ва модарӣ ва тарбияти фарзандон ва насли имомони атҳор (салавотуллоҳи ва саломуҳу алайҳим), ки раҳбарони башарият ҳастанд; ва намуна дар талошу кӯшиш ва муҷоҳидат ва покӣ ва орастагӣ ва тақво ва нуроният ва маънавият; ва дар як калом намунае барои ҳамаи занону мардони боимон. Аз ҷумлаи фазоили дурахшони ҷомеаи Фотимӣ ин аст, ки нақшаи роҳи ҳаракатҳои бузурги иҷтимоӣ, ҳузур дар майдонҳо ва арсаҳои мубориза ва ҷиҳод ва ҳаракатҳои мардумӣ, ва ҳатто иродаи пешрафт дар арсаҳои илмӣ ва хидматгузории фурӯтанона ва беминнатро барои миллати инқилобӣ ва мусалмони Эрон мекушояд.

Эрони азизи мо дар ин бурҳаи замонӣ бештар мазҳари ирода ва умед аст ва нақши нухбагон ва ҷавонони боистеъдод ва тавонманди эронӣ дар ин умед ва пешрафт ва қадам ниҳодан дар масири ояндаи дурахшони он бебадал аст. Аммо ҷуғрофиёи нухбагӣ мунҳасир ба соҳаи илм ва фановарӣ ё варзиш ва анвоъи маҳоратҳо нест. Ҳар навъ мумтоз будани мусбат ва матлуб метавонад нухбагиро таҳаққуқ бахшад. Ин рӯзҳо мо шоҳиди ҷилваи нухбагии зубдагоне аз мардумони ин сарзамин ҳастем, ки бо назар ба уфуқи васеътар дар роҳи эътилои парчами муқаддаси ватани худ муҷоҳидат мекунанд. Инҳо нухбагони басират ва ҷиҳод ҳастанд. Мо касоне чун Ризалӣ Хоҷавӣ ва Алӣ Ландиро нухбагоне медонем, ки номашон бояд бар сардари маконҳои фарҳангӣ дарҷ шавад, ва аз ин қабил гулҳои сарисабади ҷомеа шаҳидон ва исоргароне ҳастанд, ки бо исори ҷон ва саломатии худ асари фавқулодае бар сарнавишти Эрони исломӣ ва миллати азизаш гузоштанд ва медали бандагиро аз Маъбуди ягона дарёфт карданд.

Ибтидо фурсатро муғтанам шумурда, касби нишонҳо ва медалҳои мутааддид ва ифтихороти илмӣ дар олимпиадаҳои нуҷум ва астрофизика, риёзиёт, улуми замин, ҷуғрофиё, физика, химия, биология, компютер ва зеҳни сунъӣ, улуми инсонӣ, ва низ анвоъи ифтихороти варзишии ахирро ба ҳамаи мардуми азизи кишварамон ва як-як ифтихорофаринон табрик мегӯям ва таҷлил ва қадршиносии худро нисбат ба азму иродаи пешронони корвони ифтихор ва умед ва парчамдорони пешрафти кишвар дар ҳамаи қишрҳои нухба, аз наврасону ҷавонон то мураббиён ва устодон ва фарзонагон, изҳор мекунам. Ангеза ва умеди нухбагон барои таҳаввул дар кишвар шӯълаи фурӯзонест, ки инҷониб дар тӯли солҳо ва даҳаҳои гузашта аз дуру наздик шоҳиди он ҳастам, ва мушоҳидаи ҳаракати азим ва умедофарини нухбагон ва ҷараёни илмӣ дар кишвар ва ҷилваҳои ин ҳаракат дар қаҳрамониҳои мукаррар, пай дар пай ва ҳарсола дар риштаҳои илмӣ, олимпиадаҳо ва риштаҳои варзишӣ барои ҳамаи миллати Эрон ифтихоромез ва ғурурангез аст.

Рутбаҳои дурахшони варзишгарони пурталоши кишварамон дар риштаҳои мухталиф дар рӯзҳо ва моҳҳои ахир ва сабти рекордҳои тоза аз талош ва ҳиммат ва ирода ва имони онон ҳикоят мекунад. Он варзишгароне, ки бо қудрати ҷисмонӣ ва қуввати рӯҳӣ ва ахлоқӣ ва имонӣ ва талоши пайвастаи худ бар иқтидори Эрони азиз дар баробари чашми ҳамаи миллатҳо меафзоянд ва сарзинда будани миллати ғаюри Эронро ба рухи ҳамаи ҷаҳон мекашанд; он бонувони варзишгаре, ки нишонаи ифтихоромези пӯшиши зани эрониро дар ҷаҳон дурахшон мегардонанд; он медалгирони варзишӣ, ки дар қалби миллати Эрон шодмонӣ ва шавқ меофаранд ва ба парчами сарафрози Эрони исломӣ иззат мебахшанд; ҳар як ба андозаи худ дар маънобахшӣ ба Эрони қавӣ саҳим ва муассиранд.

Аз онҷо ки ин рӯзҳо рӯзҳои нишот ва таваҷҷуҳ ба илм ва таҳқиқ дар донишгоҳҳо, ҳавзаҳои илмия ва мактабҳост, шоиста медонам дар ин боб сухани кӯтоҳе бо алоқамандони дониш, нухбагони миллат ва фарзонагони Эрони азиз дошта бошам.

Нухбагӣ як неъмат ва мавҳибати илоҳӣ аст ва мояи аслии он истеъдод ва баҳраи зеҳнӣ аст, ки миллати Эрон, хусусан ҷавонони кишварамон аз ин неъмат ва сарвати азими Худодод бархӯрдоранд. Шарти ақл ва бандагӣ он аст, ки инсон шукри неъмати илоҳиро некӯ ба ҷой оварад ва агар шукр дар ҳамаи маротиби қалбӣ, забонӣ ва амалии он сурат гирад, масири расидан ба камоли он неъмат фароҳам мешавад. Қадршиносии неъмати нухбагӣ низ ибтидо бояд тавассути худи шахси нухба ва сипас дар маротиби баъдӣ дар муҳити атрофи ӯ, аз падару модар ва хонавода ва муаллим ва устод то фазои мактаб ва донишгоҳ ва низоми кишвар, сурат гирад, то ин зарфиятро рушд ва афзоиш бахшида, онро ба дурустӣ ба кор гирад. Бар ҳамин асос шахси нухба дар шукри амалии ин неъмат масъулияти сангинтаре дорад ва шоиста аст илова бар тавонмандсозӣ ва рушди нухбагии худ, ин истеъдодро ба беҳтарин ваҷҳ дар ҳалли масоили кишвар ва ҷомеа ба кор гирад.

Нухба шахсе нест, ки танҳо ба хотири доро будани истеъдод ва ҳуши қобили таваҷҷуҳ ҳамчун тофтаи ҷудобофта фақат ба хоҳишҳои зудгузар ва шахсӣ фикр кунад; нухба он шахсест, ки дағдағаи рушди истеъдодашро дорад ва худро як унсури муассир дар ҷомеа таъриф мекунад ва аз истеъдод ва зарфияташ барои рушди худ ва ҷомеааш тавъамон истифода менамояд. Нухбаи эронӣ нишон додааст, ки метавон дониш ва истеъдодро ба абзоре барои ҳалли масоили воқеии мардум ва кишвар табдил кард ва аз ҳуҷайраҳои бунёдӣ ва нано ва биотехнологияҳо то технологияҳои пешрафтаи ҳавоӣ ва кайҳонӣ ва саноат ва маъдан ва тиб ва кишоварзӣ ва ҳастаӣ ва энергия ва зерсохтор дар пайи корбурдӣ кардани илм ва дониш ва нухбагии худ буд. Ҳамаи мо осор ва ҷилваҳои ин ҳаракати пешравандаро дар зиндагии воқеӣ мушоҳида мекунем. Тавлиди барқ бо турбинаҳои эронӣ дар нерӯгоҳҳо, технологияи донишбунён дар дастгоҳҳои ширинсозии об дар ҷазираҳои ҷанубӣ, парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини кишоварзӣ бар фарози киштзорҳо, боғҳо ва шолизорҳои шимолӣ барои беҳинасозии амалиёти кишоварзӣ ва истифодаи об ва хок, таваллуди фарзандони хонаводаҳои нозой бо технологияҳои пешрафтаи пажӯҳишгоҳи «Рӯён», ташхис ва табобати бемориҳои саъбулъилоҷ бо радиодоруҳо, пойиши замин ва об ва маҳсулот бо моҳвораҳои сунҷишӣ, ва иртиқои баҳраварӣ ва амнияти ғизоӣ бо ибтикороти илмӣ ва технологӣ танҳо намунаҳое қобили баён аз ин маҷмӯаи азим ва пурбаракат аст ва бисёре дигар аз ин мавридҳо, хусусан дар арсаҳои дифоӣ ва низомӣ, дар вақти худ борҳо чашмони дунёро хира кардааст ва дар оянда низ чунин хоҳад буд.

Эрони қавӣ бар пояи иқтидори илмӣ ва технологӣ устувор аст ва ин меҳвар яке аз муҳимтарин муаллифаҳои нақшофаринии Эрон дар муодилот ва низоми нави ҷаҳонӣ аст. Пас калиди ҳар чӣ қавитар шудани он марзшиканӣ ва роҳҳалкушоии нухбагон дар масоили илмии кишвар аст, ва хабосат ва ҷинояти душманони Эрони исломӣ алайҳи донишмандон ва нухбагон нишондиҳандаи нақши муассири нухбагон дар қуввати кишвар аст. Он душмане, ки донишмандони барҷаста ва нухбагони муассири ҷомеаи моро дар ҷангҳои таҳмилии дуюм ва сеюм ва албатта солҳо пеш аз он дар муҳитҳои илмӣ ва зиндагии оддиашон терор мекунад, чашми дидани пешрафт ва иқтидори Эронро надорад ва аз ҳамаи абзорҳо ва шеваҳои худ барои тазъифи нухбагони Эрони азиз истифода мекунад: аз ноумедсозӣ ва маъюс кардан то тасарруфи зеҳн ва рӯҳашон, балъида шудан дар ҳозимаи истеъмори навин ва табдил кардани онҳо ба печу мӯҳраи мошини ғорат ва сармоясолории Ғарб. Ғофил аз ин ки қатра-қатраи хуни нухбагон ва донишмандон ва устодон ва донишҷӯён ва донишомӯзони шаҳиди ин миллат тӯфоне аз ирода ва пешрафт барпо карда ва мекунад.

Миллати Эрон собиқаи тамаддуни куҳани худ ва ифтихороти гуногун дар улуму фунун ва бархӯрдорӣ аз мафохир ва донишмандони номовари ҷаҳонро дар канори ду қарн ақибмондагии шадид ва инфиъоли таърихии давраи Қоҷор ва Паҳлавӣ ба ёд дорад. Ин миллат қадр ва арзиши фаростратегияи пирӯзмандонаи «اَلعِلمُ سلطان» (илм қудрат аст) ва натоиҷи он дар напазируфтани султаи илмии Ғарб, ва рушди босуръати илмӣ ва таҳқиқотии нухбагон дар се даҳаи ахирро, ки миқдори қобили таваҷҷуҳе аз он марҳуни тадобири хос ва ҳидоятҳои Раҳбари азимушшаъни шаҳид (қаддасаллоҳу нафсаҳу-з-закийя) будааст, медонад. Агар то қабл аз бурҳаи кунунӣ ва ҷанги таҳмилии сеюм хезиши нави илмӣ тавсияе лозим ва зарурӣ барои нухбагон буд, таҷрибаи ду ҷанги ахир ба ҳама собит кард, ки ин хезиши нави илмӣ бояд амиқ ва пуршитоб бошад. Барои ин мақсуд лозим аст илова бар масъулони дастгоҳҳо ва марказҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва технологӣ, якояки нухбагон ва фарзонагони Эрони азиз ба рисолати аслии худ дар сохтани ояндаи пуршукӯҳи Эрони исломӣ ва пешрафт ва ободонии он эҳтимом варзида, нуктаҳои зеринро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳанд:

Аввалан, барои рушди улуми пояӣ ва улуми инсонӣ дар кишвар барномаи ҷиддӣ ва амалии дақиқ вуҷуд дошта бошад. Рушд ва тавсеаи улуми пояӣ аз қабили физика, химия, улуми зистӣ ва риёзӣ ба унвони пояҳои аслии дигар улум ва технологияҳои корбурдӣ пешрони пешрафти илмӣ ва технологии кишвар аст. Ҳар миллате, ки ба ҷое расида, аз роҳи улуми пояӣ расида ва кишвар бидуни тавсеа дар ин улум ҳамеша ақиб мемонад.

Сониян, тамаркуз бар ҳақоиқи кашфнашуда, марзшиканӣ дар улуми пояӣ ва мусобиқаи доимӣ барои ҳалли масъалаҳои ҳалнашудаи маъруф дар ин улум, хусусан риёзиёт, ба унвони як ҳадаф ва мақсад мустамирран мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.

Солисан, нуқтаи калидӣ дар хезиши илмӣ эҷодкорӣ ва навоварӣ аст. Майдон додан ба эҷодкорӣ ва тахайюли мусбат, ки унсури аслии рушд ва кушоиш дар ҳама ё бештари улум аст, шуҷоати илмӣ барои ибдоъ ва офариниш ва ибтикор ва афзоиши эътимод ба нафси шахсӣ ва миллӣ барои таҷриба кардани роҳҳои нав ва норафта бисёр лозим ва муфид аст. Дар назар гирифтани ангезандаҳои қобили қабул ва ҷаззоб барои ҳар касе, ки битавонад эҷодкории корсозе ироа кунад, дар заминасозии ин масъала муассир аст.

Робиъан, худиттикоӣ дар ҳалли масоили илмӣ, фароҳам кардани зерсохторҳо ва рафъи гулӯгоҳҳои технологӣ барои кушгарӣ ва амали фаросарзаминӣ таркибе аз устувории сохти дарунӣ ва уфуқкушоӣ дар сатҳи ҷаҳониро эҷод мекунад.

Хомисан, майдон додан ба истеъдоди нухбагони риштаҳои таҷрибӣ ва амалӣ, аз ҷумла дар пайвасти саноат ба донишгоҳ аз солҳои оғозини донишҷӯӣ ва осонсозии кору борҳои донишбунён, нақши муҳимме дар ба кор гирифтани дониш ва рушди нухбагон дорад. Ҳамҷиҳат шудани зарфиятҳои илм ва технологияи кишвар ва тақвияти пайванд миёни нухбагон ва марказҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ бо ширкатҳои донишбунён, саноеъ ва ҳатто ширкатҳои навпо дар канори ҳимоятҳои дастгоҳҳои иҷроӣ аз занҷираи дониш то масраф, дар гирди масоили муҳимми имрӯз ва фардои кишвар аз қабили об, хок, ғизо ва энергия то зеҳни сунъӣ, метавонад мизи кори устод ва донишҷӯро аз озмоишгоҳҳои донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотӣ ба коргоҳҳо ва корхонаҳо муттасил ва мунтақил кунад. Ҷаҳиши шитобон дар сурате муҳаққақ мешавад, ки манофеъи иқтисодӣ ва бозори тиҷоратисозии маҳсулот ва хидматҳо бо ангеза ва иродаи нухбагон омехта шавад ва пайванди пойдор ва мустамирри ниҳоди илм ва таҳқиқро бо саноат ва бозори масраф барқарор кунад.

Ҳамчунин нақшофаринии мустақим ва муассири нухбагони анвоъи риштаҳои назарӣ ва таҷрибии донишгоҳ ва ҳавза дар сатҳҳои тарҳрезӣ ва сиёсатгузорӣ кумаки шоёне ба пешрафти кишвар мекунад ва масъулон вазифа доранд аз зарфиятҳои фардӣ ва ақлоният ва хиради ҷамъии нухбагони мутаъаҳҳид баҳраи вофир бигиранд.

Агар ин масир ба дурустӣ пеймуда шавад, маркази сиқл ва конунҳои дониш, хусусан баъзе аз анвоъи улуми пояӣ, ба тадриҷ аз кишварҳои ғарбӣ ба Эрон хоҳад омад ва кишвар дар солҳое на чандон дур ба марҷаъи илмӣ ва технологӣ табдил шуда, ҳадафи пешгуфтаи Раҳбари ҳаким ва шаҳидамон (аълаллоҳу мақомаҳуш-шариф) дар мавриди табдил шудани забони форсӣ ба яке аз забонҳои марҷаъи илмии дунё муҳаққақ хоҳад шуд.

Иншоаллоҳ ба баракати хуни шаҳидони арсаи нухбагӣ ва дуои хайри сарвар ва мавлоямон (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳу-ш-шариф) хезиши илмии амиқ ва шитобони нухбагон ва фарзонагони миллат ва пешрафти ҳамаҷонибаи Эрони ҳар чӣ қавитар барои расидан ба тамаддуни навини исломӣ-эронӣ муҳаққақ ва муяссар шавад.

Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ
4 Обони 1405