1. Саҳифаи асосӣ
  2. Паёмҳо
  3. 10 августи соли 2026

Таъйини сардор сарлашкари халабон, посдор Алии Абдуллоҳӣ ба вазифаи раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ

Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ

بسم الله الرحمن الرحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Сардор сарлашкари халабон, посдор Алии Абдуллоҳӣ

Бо назардошти шаҳодати пурифтихор ва сарафрозонаи амир сипаҳбуди шаҳид Сайид Абдураҳими Мусавӣ ба дасти душмани саҳюнӣ-амрикоӣ ва бо таваҷҷуҳ ба хидматҳои шоиста ва таҷрибаҳои арзандаатон, ҷанобатонро ба вазифаи раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ таъйин мекунам.

Таҳаққуқи ҳадди аксари талаботи зерин интизор меравад:

1. Иртиқои тавонмандӣ ва омодагиҳои ҳамаҷониба ва навшудаи дифоӣ-амниятии нерӯҳои мусаллаҳ ва Басиҷи мардумӣ

2. Фароҳам овардани имкони посухгӯии саривақтӣ, инқилобӣ ва муассир ба ҳар сатҳ ва навъи таҳдидҳои маъмулӣ ва навини низомӣ, шинохтӣ ва таркибӣ алайҳи низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломии Эрон

3. Такмили раванди адғоми Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва Қароргоҳи марказии Хотамул-анбиё (с) бар асоси тадбири Имоми шаҳид (ризвонуллоҳи таъоло алайҳ)

Умед аст, ки бо иноёти илоҳӣ ва дар сояи дуоҳои пурхайру баракати сарварамон (ъаҷҷалаллоҳу таъоло фараҷаҳуш-шариф) тавфиқоти бештар ва анвоъи фатҳу зафар барои ҳамаи нерӯҳои мусаллаҳи низоми исломӣ ҳосил гардад.

Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ