1. Саҳифаи асосӣ
  2. Паёмҳо
  3. 20 марти соли 2026

Паёми наврӯзии соли 1405 – соли «Иқтисоди муқовиматӣ дар сояи ваҳдати миллӣ ва амнияти миллӣ»

Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ

بسم الله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

یا مقلب القلوب والابصار یا مدبّر اللیل و النهار یا محوِّل الحول و الاحوال، حَوِّل حالَنا الی احسن الحال.
Эй гардонандаи дилҳо ва дидаҳо, эй тадбиркунандаи шабу рӯз, эй дигаргункунандаи сол ва аҳвол, ҳоли моро ба беҳтарин ҳол дигаргун соз.

Имсол баҳори маънавият ва баҳори табиат, яъне иди саиди Фитр ва иди бостонии Наврӯз бо якдигар рост омадаанд, ки ин ду иди мазҳабӣ ва миллиро ба як-якии афроди миллат табрик мегӯям ва бахусус иди саиди Фитрро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон таҳният мегӯям. Ҳамчунин лозим аст ба муносибати пирӯзиҳои чашмгири размандагони Ислом ба ҳамагон табрик арз кунам ва ба ҳамаи хонаводаҳо ва бозмондагони шаҳидони волоқадри ҷанги таҳмилии дуюм ва кудатои моҳи дай ва ҷанги таҳмилии сеюм ва шаҳидони амният ва марзбонӣ ва сарбозони гумноми шаҳид изҳори тасаллият ва ҳамдардии худро баён намоям.

Ба муносибати фаро расидани соли шамсии 1405 арзҳое дорам, ки дар зер матраҳ менамоям.

Аввал, мурури мухтасаре бар баъзе аз рӯйдодҳои муҳими соли гузашта хоҳам дошт. Дар соли гузашта мардуми азизи мо се ҷанги низомӣ-амниятиро таҷриба карданд. Ҷанги аввал ҷанги моҳи хурдод буд, ки душмани саҳюнӣ бо кӯмаки махсуси Амрико ва дар миёни музокирот бо ҳуҷуми ноҷавонмардона баъзе аз беҳтарин сардорон ва донишмандони барҷастаи кишвар ва дар идома қариб 1000 нафар аз ҳамватанони моро ба шаҳодат расонд. Душман ба сабаби иштибоҳи фоҳиши ҳисобӣ гумон мекард, ки пас аз як ё ду рӯз худи ин мардум низоми исломиро сарнагун хоҳанд сохт. Вале бо ҳушёрии шумо мардум ва шуҷоатҳои беназири размандагони Ислом ва фидокориҳои фаровон, хеле зуд осори бечорагӣ ва мискинӣ дар ӯ зоҳир шуд ва бо миёнҷӣ тарошидан ва иқдом ба тарки мухосима ба навъе худро аз лаби партгоҳ наҷот дод.

Ҷанги дуюм кудатои моҳи дай буд, ки Амрико ва низоми саҳюнӣ бо тасаввури он ки мардуми Эрон дар асари мушкилоти иқтисодии таҳмилшуда хостаи душманро амалӣ менамоянд, бо истифода аз муздурони худ фоҷиаҳои бешуморе ба бор оварданд ва шумори бештаре аз ҳамватанони азизамонро нисбат ба ҷанги қаблӣ ба шаҳодат расонда, хисороти фаровон ворид карданд.

Ҷанги сеюм ҷангест, ки акнун дар миёнаи он ҳастем, ки дар нахустин рӯзи он падари меҳрубони уммат, Раҳбари азимулқадрамон (аълаллоҳу мақомаҳу-ш-шариф)-ро, дар ҳоле ки бо иштиёқи фаровон дар сари корвоне аз шаҳидон дар сафари осмонӣ ба сӯйи ҷойгоҳе мешитофт, ки барояш дар сояи раҳмати илоҳӣ ва қурби анвори таййиба ва дар шумори сиддиқин ва шуҳадо дар назар гирифта шуда буд, бо чашмони ашкбор ва дилҳои маҳзуну шикаста бадрақа кардем. Ҳамчунин аз ҳамон рӯз ба баъд ба тадриҷ шаҳидони дигари ин ҷанг, аз ҷумла ниҳолони мактаби «Шаҷараи таййиба»-и Миноб ва ситорагони далер ва мазлуми эсминеци «Дено» ва фармондеҳон ва размандагони шаҳиди Сипоҳ ва Артиш ва ФАРОҶО (Фармондеҳии интизомӣ) ва Басиҷ ва сарбозони гумном ва марзбонони далер ва дигар афроди миллат аз хурдсол то бузургсол, ки дар корвоне аз ҷинси нур аз пеши мо гузаштанд, бо ҳасрати фаровон бадрақа намудем. Ин ҷанг пас аз ноумедии душман аз ҳаракати мардумии чашмгир ба нафъи худаш ва бо ин таваҳҳум сурат гирифт, ки агар раъси низом ва шуморе аз шахсиятҳои таъсиргузори низомиро ба шаҳодат расонад, дар шумо мардуми азизамон тарсу ноумедӣ эҷод карда, боиси тарки майдон аз ҷониби шумо шуда, аз ин роҳ орзуи тасаллут бар Эрон ва сипас таҷзияи онро амалӣ хоҳад сохт. Вале шумо дар ин моҳи муборак рӯзаро бо ҷиҳод тавъам карда, хатти дифоии густардае ба паҳнои кишвар ва сангарҳои мустаҳкаме ба шумори майдонҳо ва маҳаллаҳо ва масҷидҳои он фароҳам овардед ва ин тавр зарбаи гиҷкунандае ба ӯ задед; ба тавре ки ба гуфтани суханони мутаноқиз ва ёвагӯиҳои сершуморе, ки нишонаи адами ҳушёрӣ ва вуҷуди заъфи идрок аст, афтод.

Шумо қаблан дар 22 дай кудаторо саркӯб кардед ва дар 22 баҳман бори дигар зиддияти худ бо истикбори ҷаҳонӣ ва хастагинопазирии худро нишон додед ва дар 22 исфанд, ки бо Рӯзи Қудс рост омад, бо задани ин зарба ба ӯ фаҳмондед, ки сару кораш танҳо бо мушак ва ҳавопаймои бесарнишин ва торпедо ва корҳои низомӣ нест; хатти пеши Эрон хеле бузургтар аз зеҳнияти ҳақир ва хурди ӯст. Ҷо дорад, ки банда дар ҳамин ҷо аз як-якии мардуми азиз ба хотири офаридани ин ҳамосаи азим ташаккур кунам; ҳамчунин аз Президенти шуҷоъ, содиқ ва мардумӣ ва масъулони дигаре, ки дар ин маросим бе олоиш ва ташрифот дар миёни мардум ҳозир буданд. Ин навъ кор ва ошкоро анҷом додани он худ ба худ метавонад амри бисёр писандидае бошад, ки ҳамбастагии байни миллат ва ҳокимонро ҳар чӣ бештар қувват мебахшад. Дар ҳоли ҳозир дар асари ваҳдати аҷибе, ки байни шумо ҳамватанон бо ҳамаи тафовути хостгоҳҳои мазҳабӣ, фикрӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд омадааст, дар душман шикастагӣ падид омадааст. Инро бояд неъмати хосе аз ҷониби Ҳазрати Ҳақ (ҷалла ва ало) донист ва бисёр бар он бо забон ва дар дил ва ҳам дар мақоми амал шукр ба ҷой овард. Яке аз қоидаҳои тағйирнопазир ин аст, ки ҳар гоҳ неъмате мавриди шукр қарор гирад, ба таносуби миқдори шукр решааш устувортар шуда ё ривоҷ меёбад ва иноятҳои бештаре насиби шахси шокир мегардад. Он чӣ феълан дар мақоми иқдом ба шукри амалӣ лозим аст, ин аст, ки мо ин неъмати узморо сирфан раҳмате аз ҷониби Ҳазрати Ҳақ (ҷалла ва ало) донем ва то ҳадди имкон аз он хуб истифода кунем. Ин тавр ҳатман ин ҳамбастагӣ бештар ва пӯлодинтар шуда, душманонатон хору хафифтар хоҳанд шуд. Инҳо мурур бар баъзе рӯйдодҳои муҳими соли 1404 буд.

Аммо ҳоло, ки дар остонаи соли 1405 қарор гирифтаем, бо чанд чиз рӯ ба рӯ ҳастем. Яке ин аст, ки бо меҳмони азизамон, моҳи мубораки рамазони 1447 барои ҳамеша видоъ мекунем. Моҳе, ки дар Лайлатулқадри он дилҳоятон мутаваҷҷеҳи олами боло шуд ва Худованди меҳрубонро садо задед ва Ӯ низ назари марҳаматашро ба шумо равона кард. Шумо аз сарвари мо (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳу-ш-шариф) ва Худои ӯ фатҳу зафар ва офият ва навъҳои неъматҳоро хостед ва бешак бо собиқаи иноятӣ, ки ҳамеша ба ин низом ва ин миллат будааст, иншоаллоҳ ё айни он чӣ хостаи қалбии шумо будааст ё беҳтар аз онро дарёфт хоҳед кард. Ҳамзамон бо ин видоъ, ки ҳар чӣ маърифати инсонҳо бештар бошад, талхтар ва андӯҳбортар хоҳад буд, ҳилоли саид ва пурбаракати шаввол-ул-мукаррамро дар оғӯши гарми худ мефишорем ва бо хавфу раҷо мунтазири идии Ҳазрати Ҳақ (табарака ва таоло) ҳастем. Умедворам пас аз он ҳузурҳои вазифашиносонаи шабона ва рӯзонаи шумо, миллати азиз, ва офаридани ҳамосаи Рӯзи Қудс, Ҳақ таоло ҷуз бо карам ва ҳилм ва афв ва лутфи фарогири худ, ки мову шумо бо он хӯ гирифтаем, бо мо рафтор нафармояд ва бахусус умедворем ба зудӣ бо башорати кушоиши куллӣ дар амри зуҳури умумии сарвари мо, ҳазрати Валиюллоҳ-ил-аъзам, қалби мубораки он ҷанобро пур аз сурур фармояд, ки аз қибали он навъҳои баракот бар аҳли дунё нозил хоҳад шуд, بِمَنِّه و کرمه (ба фазлу карами Ӯ).

Чизи дигаре, ки бо он рӯ ба рӯ ҳастем, муносибати муҳими иди бостонии Наврӯз аст. Иде, ки армуғоне аз табиат аз ҷинси нав шудан ва тароват ва зиндагиро бо худ ҳамроҳ дорад ва бо шодӣ ва хуррамӣ муносибати комил дорад.

Аз сӯйе, барои умуми мардум ин нахустин солест, ки Раҳбари шаҳидамон ва дигар шаҳидони волоқадр дар миёни мо нестанд. Бахусус дилҳои хонаводаҳо ва бозмондагони шаҳидон доғдори азизонашон аст. Дар айни ҳол, банда ба сахми худ ва ба унвони як шаҳрванди сода, ки чанд шаҳид дар доираи атрофи худ дорам, тасаввур мекунам, ки мо дар айни ҳол ки либоси азо бар тан дорем ва дилҳоямон ошёнаи ғаму андӯҳ барои умуми шаҳидон аст, аммо хеле хушҳол мешавем, ки дар ин айём арӯсону домодҳои ҷавони мо ба хонаи бахт раванд ва иншоаллоҳ дуои Раҳбари шаҳидамон ва дигар шаҳидони бузургвори ин ҷанг бадрақаи роҳи ин азизон бошад ва тавсия мекунам, ки умуми мардум дидубозидҳои маъмули ин айёмро, албатта бо ҳифзи эҳтиром ба бозмондагони шаҳидон ва риояи ҳоли онон, дошта бошанд; ва ай басо мардуми ҳар маҳалла, дар сурате ки ҳамоҳангии лозим ба амал ояд ва имконпазир шавад, дидорҳои соли нави худро бо гиромидошти шаҳидони ҳамон маҳал оғоз намоянд. Албатта муддате, ки ҳукумати муҳтарам барои мусибати шаҳодати Раҳбари азизамон муқаррар кардааст, ба ҷойи худ боқист ва риоя ва ҳифзи он як ҷанбае аз азамати ин низом ва кишвар талаққӣ мешавад.

Пас аз ин суханон арзҳои мухтасари дигаре ҳаст.

Аввалан, бояд аз касоне, ки дар ин рӯзҳо дар канори ҳузур дар майдонҳо ва маҳаллаҳо ва масҷидҳо бо талоши дучанд нақши иҷтимоии худро пуррангтар менамоянд, ба таври махсус ташаккур кунам. Аз ҷумла баъзе воҳидҳои истеҳсолӣ, чи давлатӣ ва чи хусусӣ, ва аз ҷумла баъзе аснофи хидматрасон ва бахусус афроде, ки навъҳои хидматҳои муфидро бидуни он ки шуғлашон тақозо кунад, ройгон ба мардум пешкаш мекунанд ва алҳамдулиллоҳ аз ин навъ ба фаровонӣ вуҷуд дорад.

Сониян, яке аз роҳҳои душман амалиёти расонаии ӯст, ки дар ин айём ба таври хос бо нишонагирии зеҳн ва равони шуморе аз мардум қасди халал расондан ба ваҳдати миллӣ ва ба табаъи он ба амнияти миллиро дорад. Мо бояд эҳтиёт кунем, ки мабодо дар асари саҳлангорӣ ва ба дасти худи мо ин қасди шум амалӣ шавад. Аз ин рӯ, тавсияи ман ба расонаҳои дохилии кишварамон бо ҳамаи тафовутҳои фикрӣ, сиёсӣ ва фарҳангие, ки мумкин аст дошта бошанд, ин аст, ки аз пардохтан ба нуқтаҳои заъф ба таври ҷиддӣ худдорӣ кунанд. Дар ғайри ин сурат, имкони расидани душман ба мақсадаш вуҷуд дорад.

Солисан, яке аз равзанаҳои умеди душман баҳрагирӣ аз заъфҳои иқтисодӣ ва мудириятист, ки аз деринбоз шакл гирифтааст. Раҳбари шаҳидамон (аълаллоҳу мақомаҳу) дар солҳои мухталиф меҳвари асосӣ ва шиори солро ба масъалаи иқтисод равона карда буданд. Ба назари қосири ин ҳақир низ таъмини маишати мардум ва баланд бардоштани зерсохторҳои зистӣ ва рифоҳӣ ва тавлиди сарват барои умуми мардум нуқтаи марказӣ ва навъе дифоъ, балки пешравии чашмгир дар муқобили ҷанги иқтисодие, ки душман ба роҳ андохтааст, талаққӣ шавад. Аз тавфиқоти банда имкони шунидани суханони мардуми азиз аз навъҳои табақаҳои иҷтимоӣ будааст. Аз ҷумла, дар бозае аз замон, бо ҳайати ношинос бо шумо дар таксие, ки ба дархости худам таҳия шуда буд, дар хиёбонҳои Теҳрон ҳамсафар мешудам ва ба суханонатон гӯш медодам ва ин навъ намунагириро аз бисёре аз назарсанҷиҳо бартар медонистам. Бардошти банда дар бисёре аз мавридҳо мувофиқи суханони шумо буд, ки маъмулан ба шакли интиқодҳои мухталиф марбут ба ҷанбаҳои иқтисодӣ ва мудириятӣ баён мешуд. Дар ин миён бисёр чизҳо аз шумо омӯхтам ва ҳамчунон дар пайи омӯзишҳои нав ҳастам. Аз ҷумла, дар ҳамин айёми пеш ва пас аз 19 рамазон-ул-муборак боз ҳам аз афроди мухталифе аз шумо, ки дар майдонҳо ҳузур доштед, нуктаҳое омӯхтам. Умедворам аз ин неъмат маҳрум нашавам. Дар пайи ин омӯхтанҳо ва шунидаҳо ва дигар мутолиаҳо талоше ба амал омадааст, ки нусхаи илоҷии корсоз ва коршиносишуда таҳия шавад, ки то ҳадди имкон ҷомеъ бошад, ки биҳамдиллоҳ то ҳадди қобили қабул ин матлаб амалӣ шудааст ва ба зудӣ барои амал аз ҷониби масъулони олиҳиммат бо ҳамкории ҳамаи афроди миллат омода хоҳад буд, иншоаллоҳу таоло. Ва дар охири ин бахш, бо пайравӣ аз Раҳбари азимушшаъни шаҳид, шиори имсолро «Иқтисоди муқовиматӣ дар сояи ваҳдати миллӣ ва амнияти миллӣ» эълон медорам.

Робеан ва охиран, он чӣ банда дар баёнияи нахустин дар бораи дидгоҳ ва сиёсати низом дар боби равобит бо кишварҳои ҳамсоя зикр кардаам, амри ҷиддӣ ва воқеӣ аст. Мо ҷудо аз унсури ҳамсоягӣ унсурҳои маънавии дигареро, ки дар сари ҳама муштарак будан дар диндорӣ ба дини мубини Ислом аст ва ҳамчунин вуҷуди машоҳиди мушаррафа ва амокини муқаддас дар баъзе аз онҳо ва ҳузури эрониёни зиёд ба унвони сокин ва шоғил дар баъзе дигар ва қавмияти муштарак ё ҳамзабонӣ ё манофеи стратегии муштарак, бахусус дар муқобили ҷабҳаи истикбор, дар баъзе дигар, ки ҳар яке ба танҳоӣ дар ҷойи худ метавонад таҳкимкунандаи равобити ҳасана бошад, сароғ дорем. Аз ҷумла ҳамсоягони шарқии худро хеле ба худ наздик медонем. Банда аз деринбоз дар бораи Покистон медонистам, ки кишварест, ки мавриди алоқаи хоси Раҳбари шаҳидамон буд, ки намунааш дар буғзи гулӯи эшон дар хутбаҳои намоз ба хотири сели вайронгаре, ки ҷони мардуми ҳамкешамонро дар он ҷо таҳдид мекард, зоҳир шуд. Ва банда низ бо далелҳои мухталиф ҳамеша ҳамин тавр фикр мекардам ва аз изҳори он дар ҷаласаҳои мухталиф худдорӣ намекардам. Дар ҳамин ҷо мехоҳам дархост кунам, ки ду кишвари бародарамон, яъне Афғонистон ва Покистон, бояд барои ризои илоҳӣ ва барои он ки асои мусулмонон шикоф наёбад ҳам бошад, равобити беҳтаре бо ҳам барқарор созанд ва банда ба сахми худ ба иқдомоти лозим омода ҳастам.

Ҳамчунин ёдовар мешавам, ки ҳамлаҳое, ки дар Туркия ва Уммон, ки ҳар ду бо мо равобити муносиб доранд, алайҳи баъзе аз нуқтаҳои ин кишварҳо сурат гирифтааст, ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ ва дигар нерӯҳои ҷабҳаи Муқовимат набудааст. Ин ҳилаест, ки душмани саҳюнӣ бо истифода аз найранги «парчами дурӯғин» барои эҷоди тафриқа байни Ҷумҳурии Исломӣ ва ҳамсоягонаш анҷом медиҳад ва мумкин аст дар баъзе кишварҳои дигар низ рух диҳад. Боқии матолиби марбут ба ин бахшро қаблан зикр кардаам.

Умедворам бо дуои сарвари мо (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳу) ва инояти Ҳазрати Борӣ таоло соли хуб ва пур аз пирӯзӣ ва навъҳои кушоишҳои моддӣ ва маънавӣ барои миллати мо ва ҳамаи ҳамсоягон ва миллатҳои мусалмон ва бахусус унсурҳои ҷабҳаи Муқовимат ва соли на чунин барои душманони Ислом ва башарият дар пеш дошта бошем. وَنُرِيدُ أَنْ نَمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوَارِثِينَ وَنُمَكِّنَ لَهُمْ فِي الْأَرْضِ وَنُرِيَ فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَجُنُودَهُمَا مِنْهُمْ مَا كَانُوا يَحْذَرُونَ (Ва мо мехоҳем бар касоне, ки дар замин нотавон дошта шуданд, миннат ниҳем ва ононро пешвоён гардонем ва ононро ворисон созем ва ононро дар замин қудрат бахшем ва ба Фиръавну Ҳомон ва лашкариёнашон аз онон он чиро, ки аз он метарсиданд, нишон диҳем. – Қуръон, Қасас 28:5–6). صدق‌ الله العلی العظیم و صدق رسوله الکریم و نَحنُ عَلی ذلکَ مِنَ الشّاهدین (Худои олии бузург рост фармуд ва Расули гиромиаш рост фармуд ва мо бар он аз гувоҳонем).

و السلام علیکم و رحمةالله و برکاته
Ва салом ва раҳмату баракоти Худо бар шумо бод.
Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, 29 исфанди 1404