1. Саҳифаи асосӣ
  2. Паёмҳо
  3. 20 марти соли 2026

Паём ба Президенти муҳтарам бо муносибати шаҳодати Ҳуҷҷатулислом Сайид Исмоил Хатиб, вазири иттилоот

Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ

بسم الله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Президенти муҳтарами ҷумҳурӣ, ҷаноби Пизишкиён (доммат ҳифозатуҳу ва зида иззуҳ – Худо ӯро нигаҳ дораду иззаташро афзун гардонад)

Пас аз дуруду салом; бад-ин васила шаҳодати вазири пурталоши иттилоот ва ҷонбози гумноми бособиқа, Ҳуҷҷатулислом Сайид Исмоил Хатиб (ризвонуллоҳи таоло алайҳ)-ро ба ҷанобатон, ҳайати муҳтарами ҳукумат ва ҳамкорони он ҷаноб дар Вазорати иттилоот ва бахусус ба хонаводаи он бузургвор табрик ва тасаллият арз мекунам.

Бешак ҷойи холии эшон бояд бо талоши дучандони дигар масъулон ва кормандони он вазорати ҳассос ҷуброн шавад ва амният аз душманони дохилӣ ва хориҷӣ гирифта шуда, ба умуми ҳамватанон арзонӣ гардад. Аз Худованди маннон бақои ҷанобатон ва дигар ҳамкорон ва баландии мақоми он шаҳиди азизро хоҳонам.

Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ