- Саҳифаи асосӣ
- Паёмҳо
- 30 марти соли 2026
Паём бо муносибати шаҳодати адмирал Алиризо Тангсирӣ
Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ
بسم الله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
ولاتَحسبَنَّ الّذینَ قُتِلوا فی سبیلِاللهِ اَمواتاً بَل اَحیاءٌ عِندَ رَبِّهِم یُرزَقون
Ҳаргиз касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда мапиндор, балки зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд. (Қуръон, Оли Имрон 3:169)
Фармондеҳи ғаюр ва шуҷои Нерӯи баҳрии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, адмирал Алиризо Тангсирӣ пас аз солҳо муҷоҳидат ба мақоми шаҳодат музайян гардид. Шаҳодати он фарзанди далери Тангистон, сарбози Эрон ва посдори Ислом дар ҳамосаи ҷанги таҳмилии сеюм, барои мардуми диловарпарвари Бушеҳр, ҷавонони минтақаи ҷануб, нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ ва миллати Эрон, ки ҳамеша ҳофизи истиқлол ва марзҳои обии Эрон, хусусан Халиҷи Форс мебошанд, санади ифтихори азиме маҳсуб мешавад, то роҳи иқтидор ва муқовимати баҳрии Эронро нерӯмандтар ва мустаҳкамтар аз гузашта тай намоянд, иншоаллоҳ.
Инҷониб шаҳодати он фармондеҳи силаҳшӯрро ба хонаводаи арҷманд, ҳамразмон ва фармондеҳони Нерӯи баҳрӣ ва Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ табрик ва тасаллият арз менамоям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои он шаҳид баландии дараҷотро масъалат мекунам.
Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, 10 фарвардини 1405