- Саҳифаи асосӣ
- Паёмҳо
- 29 июни соли 2026
Паём бо муносибати даргузашти падари ҷаноби доктор Муҳаммадбоқир Зулқадр
Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ
بسم الله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Бародари гиромӣ, ҷаноби доктор Муҳаммадбоқир Зулқадр (ҳафизаҳуллоҳу ва аййадаҳ – Худо ӯро нигаҳ дораду таъйид кунад)
سلام علیکم و رحمه الله و برکاته
Салом ва раҳмату баракоти Худо бар шумо бод.
Хабари даргузашти падари муаззами ҳазрататон расид. Бад-ин васила изҳори тасаллияти худро тақдим менамоям. Умедворам, ки он ҷаноб дар сояи пурмеҳри соҳибони ин айём (салавотуллоҳи ва саломуҳу алайҳим аҷмаъин – дуруду саломи Худо бар ҳамаи онон бод) мавриди раҳмати фарохи илоҳӣ қарор гиранд. Ҳамчунин барои ҷанобатон ва дигар бозмондагон саломатӣ ва умри дароз бо афзоиши тавфиқоти зоҳирӣ ва ботинӣ орзу дорам.
Сайид Муҷтабо Хоманаӣ, 8 тири 1405