- Саҳифаи асосӣ
- Паёмҳо
- 28 июни соли 2026
Паём ба муносибати Ҳафтаи қувваи қазоия ва солгарди шаҳодати Оятуллоҳ Беҳиштӣ ва ёронаш
Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ
بسمالله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Айёми мусибати Оли Аллоҳ ва шаҳодати ҳазрати Соруллоҳ (салавотуллоҳи ва саломуҳу алайҳи ва алайҳим аҷмаъин) ва ёрони бовафояшонро ба ҳамаи миллати Эрон ва уммати исломӣ тасаллият мегӯям.
Наҳзат ва қиёми ҳусайнӣ барои барпо доштани ҳақ ва ислоҳи уммат ва муқобила бо зулму ситам қуллаи баланди таърих дар муқобилаи ҳақ ва ботил, адл ва зулм аст ва дарсҳое бас арзишманд ва фаромӯшнашаванда барои ҳамаи озодагони ҷаҳон дорад. Хуни Саййид-уш-шуҳадо (алайҳис-салом)-ро хуни Худо меноманд, ки дар рагҳои олам ҷорӣ шуда, ҳамосаҳои ҳаётбахш месозад. Наҳзат ва Инқилоби исломии Эрон, аз он рӯ ки шохае баргирифта аз ҳамин сарчашмаи нуронӣ аст, бояд ҳамеша дар пайи даст ёфтан ба ҳадафҳои қиёми ҳусайнӣ бошад. Ҳафтуми тири ҳар сол ёдовари шахсияти барҷастаи Инқилоб ва касе аст, ки бо қарор гирифтан дар раъси қувваи қазоия дар ин самт талоши бевақфае пеш гирифт, то он гоҳ ки бо гурӯҳе аз ёрони мухлиси Инқилоб шаҳди шаҳодатро нӯшиданд ва мазлумияти ӯ ва шумораи ҳафтоду ду шаҳиди ҳамроҳаш таъйиде бар ҳусайнӣ будани ин низом ва меъморонаш гардид.
Шаъни қувваи қазоия дар низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон посдорӣ аз ҳуқуқи мардум ва эҳёи ҳуқуқи умумӣ ва озодиҳои машрӯъ, мубориза бо фасодҳо, иҷрои адолат ва барпо доштани ҳудуди илоҳӣ ва назорат бар татбиқи қонун аст. Самараи муваффақият дар ин масир, илова бар касби ризои илоҳӣ, тақвияти эътимоди мардум ба ин рукни низом хоҳад буд. Интизори бар ҳақ аз ҳамаи қувваҳо, дастгоҳҳо ва ниҳодҳои масъул он аст, ки ҳамеша амалкарди худро бо сатҳи матлуби низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломӣ ва шаъни волои миллат танзим ва бозоройӣ кунанд. Дар ин замина қувваи қазоия ҷойгоҳе камназир, балки беназир барои ислоҳи раванди корҳо ва ба ҳаракат даровардани дигар бахшҳои низом дорад, ки ин пайгирии раванди ислоҳ ва бозсозӣ дар дохили худи ин қувваро низ тақозо мекунад. Акнун интизори умумии ҷомеа он аст, ки шоҳиди таъкиди амалӣ бар ин амр дар амалкарди қувваи қазоия бошанд; ба гунае ки таҳаввули қазоӣ аз калимаҳои дарҷшуда дар санади таҳаввул ва тарҳҳо ва харитаҳои роҳ ба фаъолият расида, ҷилваҳои он дар ҳамаи арсаҳои марбута, аз утоқҳои маҷмаъҳои қазоӣ ва ҷаласаҳои додгоҳҳо то муҳитҳои умумӣ ва фазои иҷтимоӣ намоён гардад; он чунон ки мардум осори мусбати онро дар зиндагии ҳаррӯзаи худ дар қотеъият дар муқобила бо навъҳои фасод, коҳиши поймол шудани ҳуқуқ, суръати баррасӣ, баланд бардоштани покӣ ва устувории ҳукмҳои қозиён ва дастрасии осонтар ба нишондиҳандаҳои адолат мушоҳида намоянд. Дар ин тасвир аз қувваи қазоия бояд иҷрои адолат ба пояе расад, ки ҳар мазлуме онро паноҳгоҳи худ донад ва бахусус касоне, ки ба навъе аз қудрате бархурдоранд, ҷуръати таҷовуз ба ҳуқуқи дигаронро надошта бошанд ва боби сифориш ва тавсия дар он ба таври куллӣ баста шуда, доштани ошно дар бахшҳое аз он ҳеҷ бартарие ба шумор наояд.
Албатта эҳқоқи ҳуқуқи миллат танҳо дар масъалаҳои фардӣ хулоса намешавад ва навъҳои ҳуқуқи умумӣ ва иҷтимоии онон, аз ҳаққи амнияти иқтисодӣ ва дастрасии одилона ба имкониятҳо то ҳаққи бархурдории одилона аз мавоҳиби табиӣ, муҳити зисти солим, озодиҳои машрӯъ ва ҳукмронии корамад низ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим дар роҳи густариши адолат маҳсуб мегардад. Аз ҷумла, яке аз муҳимтарин масъалаҳои ҳуқуқӣ ва қазоии марбут ба ҳамаи миллати Эрон дар ин бурҳаи замонӣ пайгирӣ ва эҳқоқи ҳуқуқи поймолшудаи онон дар асари ҷиноятҳои ҷинояткорони байналмилалӣ ва мустакбирону таҷовузкорони ҷаҳонӣ, бахусус дар солҳои 1404 ва 1405 мебошад.
Аз хуни шаҳидони мазлуми ҷанги таҳмилии дуюм ва сеюм то садамаҳо ва латмаҳои ҷисмӣ ва рӯҳӣ ва моддӣ ва маънавии вордшуда ба кишвари азизамон ва ҳар як аз фардҳои миллати мазлуми Эрон дар дохил ва ҳатто хориҷи кишвар; аз кӯдаккушиҳо ва ҷиноятҳои ҷангии бесобиқа дар Миноб ва Ломерд то ҳамла ба марказҳои табобатӣ ва хидматрасонӣ; аз куштори навзодони чандрӯза то куҳансолони азиз; ва дар сари ҳамаи онҳо шаҳодати шахсияти беназир, гавҳари беҳамто ва ягонаи даврон, Пешвои муҷоҳиди азимушшаън (аълаллоҳу мақомаҳу-ш-шариф), ҳар кадом парвандае аз садҳо, балки ҳазорон парвандаи муҳими ҳуқуқиро ташкил медиҳад, ки дар маҳкамаҳои қазоии дохилӣ ва байналмилалӣ бояд бо ҷиддият пайгирӣ шавад. Он чӣ мусаллам аст, гиребони ҷинояткоронро бояд гирифт ва ононро ба сазои аъмоли ҷинояткоронаашон расонд.
Нуктаи муҳим дар ин масъала, аввалан, эътирофот ва ҳатто ифтихори густохонаи баъзе аз сарони душмани амрикоӣ-саҳюнӣ ба ин ҷиноятҳо аст, ки қатъан иқрор ба ҷиноят маҳсуб гашта, муқаддимоти эҳқоқи ҳуқуқи поймолшудаи миллатро ба шакли муносиб фароҳам сохтааст.
Сониян, лозимаи таваҷҷуҳ ва эҳтимом ба иҷрои дастури Раҳбари шаҳиди Инқилоб дар охирин дидори масъулони қазоӣ бо эшон дар моҳи тири соли гузашта нисбат ба баррасии ҷиноятҳои содиршуда дар ҷанги таҳмилии дуюм, густариш додани он ба ҷанги таҳмилии сеюм ва пайгирии муттасили он то расидан ба ҳукм ва супурдани иҷрои он ба унсурҳои солеҳ аст. Ин иқдом дар навбати худ аз такрори ин гуна ҷиноятҳо пешгирӣ хоҳад кард.
Албатта барои муваффақият дар масири таҳаввули ҳамаҷонибаи қазоӣ ва шитоби бештар дар расидан ба ҳадафҳои гуфташуда тамҳидот ва талаботи гуногуне мавриди ниёз аст, ки асосан дар дидорҳои солонаи масъулони қазоӣ ва тавсияҳо ва таъкидҳои муфассали Раҳбари азимушшаъни шаҳид (қаддасаллоҳу нафсаҳу-з-закийя – Худо рӯҳи покашро муқаддас гардонад) борҳо баён шудааст ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба онҳо ва талош барои амалӣ гардониданашон, ки калиди муваффақияти масъулони муҳтарами қувваи қазоия маҳсуб мешавад, мавриди таъкид ва хостаи ҷиддии инҷониб аст.
Роҳи расидан ба адолат ва мубориза бо зулму фасод масири душворест, ки бо ихлос ва таваккул, риояи тақво дар мартабаи олӣ, ангеза ва иродаи ҷиддӣ, талош ва ҳиммати дучанд, шуҷоат ва қотеъият, ибтикори амал ва истифодаи дурусти фановариҳои навин ва ҳушмандсозии корҳо ҳамвор хоҳад шуд. Амалӣ гардидани ҳамаи инҳо ба изни Худо ва дар сояи иноятҳои ҳазрати Адли мунтазар, сарвари мо (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳу-ш-шариф) муяссар хоҳад гашт, иншоаллоҳ.
Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, 7 тири 1405