- Саҳифаи асосӣ
- Паёмҳо
- 5 июли соли 2026
Таъйини Ҳуҷҷатулислом вал-муслимин Эҷаӣ ба риёсати қувваи қазоия
Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ
بسم الله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҷаноби Ҳуҷҷатулислом вал-муслимин оқои Муҳсинии Эҷаӣ (доматтавфиқотуҳ)
Бо қадрдонӣ аз талошҳои арзишманд ва содиқонаи ҷанобатон, ба истинод ба асли саду панҷоҳу ҳафтуми Қонуни асосӣ, ҷанобатонро ба риёсати қувваи қазоия таъйин мекунам.
Маҷмӯаи талаботи матраҳшуда аз сӯи Пешвои шаҳидамон (аълаллоҳу мақомаҳуш-шариф) ва нуктаҳои зикршуда дар паёми ҳафтуми моҳи Тири 1405-и инҷониб роҳкушои таҳаввул, шукуфоӣ ва дастёбӣ ба қувваи қазоияи матлуб аст.
Умедворам, ки бо ҳиммати дучанди ҷанобатон ва қозиёни шариф ва ҳамкорони арҷмандатон дар дастгоҳи қазоӣ ва дуои сарварамон (ъаҷҷалаллоҳу таъоло фараҷаҳуш-шариф) миллати бузургвори Эрон аз натоиҷи он баҳраманд шаванд.
Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ
13 Тири 1405