- Саҳифаи асосӣ
- Паёмҳо
- 18 апрели соли 2026
Паём дар пайи шаҳодати доктор Сайид Камоли Харрозӣ
Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ
بسم الله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Хабари шаҳодати устоди барҷастаи арсаи илму фарҳанг ва шахсияти ботаҷрибаи арсаи сиёсати хориҷӣ ҷаноби оқои доктор Сайид Камоли Харрозӣ санади ифтихор барои ҷомеаи донишгоҳиён, устодони донишгоҳ ва масъулони сиёсии низоми Ҷумҳурии исломӣ ва дар сӯи муқобил санади нангини разолати мустакбирони амрикоӣ-саҳюнистӣ ва душманони илм, фарҳанг ва тамаддуни Эрон аст.
Эшон солҳои мутамодӣ аз умри худро ба хидмат дар арсаҳои мухталифи фарҳангӣ, таблиғотӣ ва масъулияти Вазорати корҳои хориҷӣ сипарӣ карда ва илова бар фаъолият дар заминаҳои навини улуми шинохтӣ, дар Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷӣ нақш ифо мекард.
Инҷониб шаҳодати он шахсияти хидматгузор ва ҳамсари гиромиашонро ба умуми мардум, ҷомеаи донишгоҳиён, алоқамандон ва шогирдони ин устод ва низ хонадони арҷманди Харрозӣ, бахусус ҷаноби Оятуллоҳ Сайид Муҳсини Харрозӣ, таслият ва табрик мегӯям ва аз Худованди мутаъол барои эшон баландии дараҷотро масъалат мекунам.
Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ
21 Фарвардини 1405