- Саҳифаи асосӣ
- Паёмҳо
- 18 апрели соли 2026
Паём ба муносибати 29 Фарвардин, зодрӯзи фархундаи Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон
Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ
بسمالله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
اِنَّ اللهَ یُحِبُّ الَّذینَ یُقاتِلونَ فی سَبیلِهِ صَفّاً کَاَنَّهُم بُنیانٌ مَرصوص.
Ҳароина Худо касонеро дӯст медорад, ки дар роҳи Ӯ саф баста ҷиҳод мекунанд, гӯё бинои рӯйинанд. (Қуръон, Саф 61:4)
Бисту нӯҳуми моҳи Фарвардин, зодрӯзи фархундаи Артиши Ҷумҳурии исломии Эронро, ки ба ибтикори ҳакимонаи Хумайнии Кабир (раҳматуллоҳи алайҳ) бо ин унвон номгузорӣ шуд, ба ҳамаи артишиён ва хонаводаҳои арҷманди онҳо ва миллати бузурги Эрон табрик мегӯям.
Пирӯзии Инқилоби исломӣ хатти фосили миёни ду марҳила аз ҳаёти Артиш ба шумор меравад ва бояд онро поёни даврони заъфе донист, ки аз сӯи душманони ин обу хок ва ба дасти хоинони дохилӣ бар Артиш ва артишиёни далер ва содиқи кишвар таҳмил шуда буд. Аз он пас Артиш дар ҷои дурусти худ истод ва ба ҷои он ки ба низоми тоғутӣ ва фосиди Паҳлавӣ тааллуқ дошта бошад, дар оғӯши гарми миллат қарор гирифт, ки воқеан Артиш фарзанди миллат аст ва аз дили хонаҳои мардум бармеояд. Ба зудӣ Артиш дар муқобили нақшаҳои шуми Амрико ва бозмондагони тоғути Паҳлавӣ ва ҷудоихоҳоне, ки Эрони аз ҳам гусастаро мехостанд, истод ва ҳамосаҳо офарид.
Артиши Ислом акнун ҳамчун ду ҷанги таҳмилии гузашта далерона аз обу хок ва парчаме, ки ба он тааллуқ дорад, дифоъ мекунад ва бо такягоҳи қавии илоҳӣ ва мардумии худ ва дар сафҳои фишурда ва мустаҳкам, дӯш ба дӯши дигар муҷоҳидони нерӯҳои мусаллаҳ бо ду артиши пешсафи ҷабҳаи куфру истикбор панҷа дар панҷа андохта ва заъфу хорӣ (мазаллат)-и онҳоро дар пеши назари ҷаҳониён намоён сохтааст; ҳамон тавр ки паҳподҳои он чун соиқа бар ҷонияни амрикоӣ ва саҳюнӣ фуруд меоянд, Нерӯи баҳрии далераш омода аст, то талхии шикастҳои наверо ба коми душманон бичашонад.
Аз сӯи дигар, бисту нӯҳуми моҳи Фарвардин солрӯзи таваллуди ягонаи даврон, Раҳбари бузургвори шаҳидамон низ ҳаст; касе, ки бештарин талошро аз даҳаи аввали Инқилоб барои ҳифзи Артиш дар муқобили нағмаҳои шуми барҳам задани он ва сипас барои иртиқои тавонмандиҳои он дар ҷиҳатҳои мухталиф ба амал овард.
Бешак хатти тараққии тавонмандиҳои мухталифи ин ниҳоди мардумии асил, ки аз шарқ то ғарб ва аз шимол то ҷануби кишварро посдорӣ мекунад, бояд ба таври дучанд пайгирӣ шавад ва ба изни Худо дар уфуқи наздик тадбирҳои лозим барои таҳаққуқи он содир хоҳад шуд. Дар ин масир таваҷҷуҳ ба чеҳраи қаҳрамононе, ки дар наслҳои мутаводили мудирият дар панҷ даҳаи ахир Артишро ҳидоят ва раҳбарӣ намуданд ва бисёре аз онҳо дар саффи шаҳидон қарор гирифтанд, ва барномаҳо ва иқдомоти онҳо ва ҳамчунин мароми бузургворона ва холисонаи онҳо дарсомӯз ва илҳомбахши ҳамаи аҷзои нерӯҳои мусаллаҳ хоҳад буд. Аз бузургоне монанди Қаранӣ, Фаллоҳӣ, Номҷӯ, Факурӣ, Бобоӣ, Сатторӣ, Ардистонӣ ва Сайёди Шерозӣ гирифта то охирин шаҳидони номдори он, Сайид Абдураҳими Мусавӣ ва Азизи Насирзода.
Салом ва дуруди Худованди мутаъол бар ҳамаи муҷоҳидони Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, аз умаро ва фармондеҳонаш гирифта то кормандон ва сарбозони хомӯш ва гумномаш; ва салом ва дуруди Худованди мутаъол бар ҳамаи исоргарон ва ҷонбозони он ва салом ва раҳмати хоссаи Ҳазраташ бар хонаводаҳои мукаррами ҳамаи шаҳидони ҷанги таҳмилии Амрико ва режими саҳюнӣ алайҳи миллати бузурги Эрон.
والسّلام علیکم و رحمتالله و برکاته.
Ва салом ва раҳмат ва баракоти Худо бар шумо бод.
Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ
29 Фарвардини 1405