- Саҳифаи асосӣ
- Паёмҳо
- 20 майи соли 2026
Паём ба муносибати дуюмин солгарди шаҳодати шаҳид Раисӣ ва бузургдошти шаҳидони хидмат
Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ
بسمالله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Гиромидошти шаҳидони парвози урдибиҳишт ва дар сари онҳо Президенти шаҳид, Ҳуҷҷатулислом вал-муслимин Раисӣ, ёдовари шаҳодати хайли шаҳидони хидматгузор дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст; аз Мутаҳҳарӣ ва Беҳиштӣ ва Раҷоӣ ва Боҳунар то Раисӣ ва Оли Ҳошим ва Амирабдуллоҳиён ва Лориҷонӣ, садҳо шахсияти барҷаста ва тарбиятёфтаи мактаби Хумайнии кабир ва Хоманаии азиз (аълаллоҳу мақомаҳума-ш-шариф – Худо мақоми шарифи ҳар дуро баланд гардонад), ки дафтари хидмати холисона ва муҷоҳидонаи масъулони Ҷумҳурии Исломиро бо имзои хунини худ музайян карданд.
Аз ҷумлаи вижагиҳои барҷастаи шаҳид Раисӣ масъулиятпазирӣ, ҷавонгароӣ, таваҷҷуҳ ба адолат, дипломатияи фаъол ва судманд ва бахусус мардумӣ буданро метавон баршумурд. Ин хусусиятҳо боиси дилгармии дӯстони Эрон, аз ҷумла муҷоҳидони ҷабҳаи пурқудрати Муқовимат ва бисёре аз дилсӯзони низом мешуд. Ҳамаи инҳо, албатта, бо маънавияте, ки дар умқи ҷони ӯ реша дошт, омехта буд. Дар робитаи байни масъулон ва мардум хусусиятҳои мусбати таъсиргузор боиси қадрдонии мутақобил мешавад. Ҳамин тавр буд, ки бадрақаи ӯ то ҷивори мавло ва махдумаш, ҳазрати Абил-Ҳасан ар-Ризо (салавотуллоҳи ва саломуҳу алайҳ) бо шукӯҳи камназире сурат гирифт. Давраи нотамоми президентии он шаҳид меъёре аз талош ва дилсӯзӣ барои миллат ва кишвар дар айни ҳифзи истиқлоли он фароҳам овард.
Акнун мо дар баробари ҳамосаофариниҳои миллати Эрон дар муқовимати беназири таърихӣ дар муқобили ду артиши террористи ҷаҳонӣ қарор дорем. Ин амр бори вазифаи масъулони Ҷумҳурии Исломиро – аз Раҳбарӣ ва раисони қувваҳо то ҳамаи сатҳҳои мудирон – вазнинтар аз гузашта мекунад. Имрӯз шукри неъмати ҳамбастагии миллат ва давлат ва тамоми дастгоҳҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар тақвияти ангеза ва хидмати дучанд ва муҷоҳидонаи масъулон, гирехкушоӣ аз масъалаҳо ва дағдағаҳои мардум, хусусан дар арсаи иқтисодӣ ва маишатӣ, ҳузури майдонӣ ва мустақим ва таърифи нақши ҷиддӣ барои мардуми бедоршуда дар масири пешрафти кишвар ва ҳаракати умедворона ба сӯйи ояндаи равшан аст.
Раҳмат ва ризвони илоҳӣ бар шаҳидони роҳи хидмат бод ва нусрати илоҳӣ ва дуои сарвари мо (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳу-ш-шариф) пуштибони хидматгузорони мардуми мусалмони Эрон бод.
Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, 30 урдибиҳишти 1405