Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ

بسم‌الله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Бо салом ва сипос аз изҳори муҳаббат ва масъулиятшиносии фаъолони дилсӯзи соҳаи аҳолӣ;

Аз ҷумлаи дастовардҳои арзишманди Дифои муқаддаси сеюм ва неъмати бузурги бедории бемисли миллат, ки бар ҳама ошкор шудааст, ба сатҳи қудрате бузург ва таъсиргузор расидани Эрон аст. Бешак идомаи ин вазъ ва расидан ба дараҷаи матлубтари он бо масъалаи аҳолӣ иртиботи мустақим пайдо мекунад. Ба масъалаи зарурати афзоиши аҳолӣ гоҳ аз нигоҳи зарурати ҷуброни камбудиҳои ношӣ аз баъзе сиёсатҳои гузашта нигариста мешавад; вале илова бар он, бо пайгирии ҷиддии сиёсати дуруст ва ҳатмии афзоиши аҳолӣ, миллати бузурги Эрон қодир хоҳад буд дар оянда нақшофариниҳои бузург ва ҷаҳишҳои стратегиро таҷриба карда, қадамҳои баландеро дар роҳи эҷоди тамаддуни навини Эрони исломӣ бардорад. Аз ин рӯ, талоши рӯзафзуни фаъолони мардумии соҳаи аҳолӣ ва тарвиҷи фарҳанги фарзандоварӣ метавонад дар таъмини ин ояндаи равшан таъсири назаррас дошта бошад.

Аз сӯйи дигар, ин масъала яке аз муҳимтарин дағдағаҳои Раҳбари азимушшаъни шаҳидамон (аълаллоҳу мақомаҳу-ш-шариф – Худо мақоми шарифашро баланд гардонад) будааст, ки дар бисёре аз ҷаласаҳо, муроводот ва дидорҳои умумӣ ва махсус бар он таъкид доштанд ва ҳамчунон аз муҳимтарин масъалаҳои стратегии низом маҳсуб мешавад. Умед аст, ки талошҳои холисонаи шумо азизон дар паноҳи дуои хайри сарвари мо (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳу-ш-шариф) ба натиҷаҳои пурбор анҷом ёбад, иншоаллоҳ.

Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, 29 урдибиҳишти 1405