- Саҳифаи асосӣ
- Паёмҳо
- 15 майи соли 2026
Паём ба муносибати Рӯзи пос доштани забони форсӣ ва бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ
بسمالله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Забони форсӣ илова бар абзори гуфтор ва навиштор будан, қолаби шинохт ва риштаи пайванди андеша ва марзҳои ҳувиятии эрониёнро ташкил медиҳад. Забон ва адаби форсӣ яке аз бузургтарин имкониятҳо барои тарвиҷи фарҳанг ва тамаддуни ғании Эрони исломӣ дар густараи ҷаҳонӣ аст; ва тавсияи Раҳбари ҳаким ва шаҳидамон (аълаллоҳу мақомаҳу-ш-шариф) ба пурқудрат шудани забони форсӣ чароғи роҳи иқтидори «тамаддуни эронӣ-исломӣ» мебошад.
Миллати азизи Эрон дар Дифои муқаддаси сеюм низ мисли ду ҷанги таҳмилии қаблӣ собит карданд, ки достонҳои асотирии Фирдавсӣ воқеияти зиндагӣ ва шахсияти қаҳрамононаи онон будааст ва мафҳумҳои инсонсоз, силаҳшӯрона ва қуръонии «Шоҳнома» ҳамаи қавмҳо ва қишрҳои Эронро дар ҳифзи ҳувият, асолат ва истиқлоли худ ва мубориза бо «Заҳҳоксифатони» мутаҷовиз ҳамдилу ҳамроҳу ҳамсоз мекунад. Ин ҳамосаи ҳузур ва дифоъ ва пирӯзӣ вазифаи бузургеро бар дӯши аҳли фарҳанг ва адаб ва ҳунар мегузорад, то мисли Фирдавсӣ бархезанд ва бедории ҳунармандонро дар идомаи бедории мардум ба вуҷуд оранд; фикр ва қалам ва забонро бо ҳунар биёмезанд ва ривояти хезиши азими миллатро дар таърих ҷовидона созанд.
Аз сӯйи дигар, муқовимати ғаюрона ва пирӯзии ифтихоромез дар баробари ҳуҷуми девсиратон ва шайтонҳои ҷаҳон миллатро барои посдорӣ аз истиқлоли тамаддунӣ ва муқобила бо таҳоҷуми забонӣ, фарҳангӣ ва тарзи зиндагии амрикоӣ омодатар кардааст, то бо ибтикор ва навовариҳои фаъолони арсаи фарҳангӣ дар роҳи таъмини дифои забонӣ ва гуфтмонӣ ва рушду болиши кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, марҳалаҳои боқимонда то пирӯзии ниҳоиро бо устувории бештар бипаймояд, бо ёрии Худованди мутаол (биъавниллоҳи таоло).
Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, 25 урдибиҳишти 1405