- Саҳифаи асосӣ
- Паёмҳо
- 4 ноябри соли 2026
Паём ба муносибати Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ
Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ
بسم الله الرحمن الرحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Имрӯз Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ ва рӯзест, ки маҷмӯае аз нуқтаҳои атфи саффороии ҷабҳаи ҳақ дар муқобили ҷабҳаи ботил ва ҷабҳаи мазлум дар муқобили ҷабҳаи золимро дар худ ҷамъ кардааст. Шояд битавон гуфт, ки дар сенздаҳуми обони имсол миллати Эрон мавқеи худро нисбат ба Амрикои ҷинояткор равшантар ва шаффофтар аз ҳар соли дигар медонад, аммо мурури решаҳо, далелҳо ва нуқтаҳои атфи хусумати рӯзафзуни Амрико ва саффороии мустаҳками миллати Эрон дар баробари он чароғи роҳи ояндаи ин масир аст.
Нуқтаи оғози зулми Амрико алайҳи миллати Эрон ба беш аз ҳафт даҳа пеш мерасад; он гоҳ ки кудатои 28 мурдод (19 августи 1953)-ро барои идомаи ғорати манобеъ ва сарватҳои миллӣ, хусусан нафт, барпо кард. Даҳаҳои баъдӣ то пирӯзии Инқилоби исломӣ низ даврае буд, ки ҳокимони Амрико барои ғорати дороиҳои миллати Эрон талоши фаровон ба харҷ доданд. Дар ин масир бо таъсиси САВАК ва мусаллат сохтани фазои сангини амниятӣ бар ҷомеа дасти ҳукумати ҷоири он замонро барои саркӯби ҳар ҳаракати эътирозомез бозтар карданд. Дар остонаи пирӯзии шукӯҳманди Инқилоби исломӣ низ аз анвоъи тарфандҳо барои ҳифзи ҳукумати дастнишондаи худ истифода карданд. Аз рафтори хусуматомези онон дар даврони пас аз пирӯзии Инқилоби азими миллати Эрон низ метавон феҳристи тӯлоние аз иқдомоти зидди мардумии ононро пешниҳод кард, ки шомили инҳост: ҳимоят аз гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ва кудатогарон ва мунофиқини кӯрдиле, ки илова бар нухбагони илмӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ анбӯҳе аз мардуми одиро бо сангдилӣ ба шаҳодат мерасониданд; пуштибонии мустақим ва ҳамаҷониба аз ҳизби Баъс дар ҷанги таҳмилии аввал; куштори ғайринизомиёни ҳавопаймои мусофирбарӣ; таҳримҳои густурда, тӯлонӣ ва сангини иқтисодӣ; тарҳрезӣ ва ҳимоят аз ошӯбҳо ва фитнаҳои мутааддид ва ҳатто пуштибонии таслиҳотӣ аз онҳо; террори сардор Сулаймонӣ, қаҳрамони миллии Эрон ва уммати исломӣ; дуздии амвол ва дороиҳои миллати Эрон дар кишварҳои мухталиф; ва саранҷом таҳоҷуми мустақими низомӣ дар ҷангҳои таҳмилии дуввум ва сеюм ва ба шаҳодат расонидани ҷамъи зиёде аз нухбагон, донишмандон ва фармондеҳон ва шумори бисёре аз мардуми мазлуми Эрон, аз навзодону кӯдакон то кӯҳансолон, ва дар раъси ҳамаи онҳо Раҳбари азимулқадри Инқилоби исломӣ (қаддасаллоҳу нафсаҳу-з-закийя).
Дар тамоми ин марҳилаҳо сардамдорони мустакбири Амрико ва изноби он ҳамвора дар пайи таҳмили салтаи худ ва таслими Эрон будаанд ва ҳатто дар охирин нусхаҳои ин зӯргӯӣ тамоми одоб ва зоҳирсозиҳои дурӯғин ва фиребандаи байналмилалиро канор гузошта, бешармона дар пайи таҷзияи кишвар, ба зону даровардани миллат, фурӯпошии низом ва нобудии тамаддуни асил ва куҳани Эрон ҳастанд. Ва албатта дар ҳар марҳилае бо девори мустаҳками воқеияти майдонӣ ва сахраҳои устувори иродаи миллати ғаюри Эрон рӯбарӯ шуда, натиҷаи ҳисобҳои ғалат ва тавҳҳумоти истикбориашонро дар шакли ҳазинаҳои сангин бар дӯши мардуми Амрико ва ҳукуматҳои дастнишондаи давлати Амрико гузоштаанд.
Акнун достони душмании деринаи Амрико бо миллати мусалмони Эрон ва муқовимати ғаюронаи ҳамаи эрониён дар муқобили ин душман ба ҷое расидааст, ки на танҳо сенздаҳуми обон, балки ҳамаи рӯзҳо ва соатҳо айёми истодагӣ ва мубориза бо Шайтони бузург шудааст. Инак саҳнаи Халиҷи Форс, хусусан Тангаи Ҳурмуз, ҳамчунон ки ботил будани афсонаи шикастнопазирии Амрикоро рақам задааст, заъф ва забунии ҳукуматҳоеро, ки ба нерӯе ҷуз миллати худ такя мекунанд, ва бевафоӣ ва аҷзи қудратҳои бузург дар дифоъ аз ҳукуматҳои дастнишондаашонро нишон медиҳад. Эъмоли мудирияти Эрон бар Тангаи Ҳурмуз ва аз байн бурдани пойгоҳҳои низомии Амрико дар кишварҳои минтақа, агарчи вокунише ба таҷовуз ва ҷинояти Амрико дар ҷанги таҳмилии сеюм буд, аммо дар айни ҳол ҷиҳоде ибтидоӣ алайҳи истикбор дар абъоди минтақаӣ низ маҳсуб мешавад, ки дар сурати такрори таҷовузот абъоди бисёр васеътаре ба худ хоҳад гирифт. Ин нишонаи иқтидор дар канори ваҳдати майдонҳои ҷабҳаи ҳақ ва ҳамосасозиҳои ҳушмандона ва муқтадиронаи ҷабҳаи Муқовимат аз Фаластин ва Лубнон то Ироқ ва Яман пешоҳанги равшан ва умедбахше аз эътилои парчами ҷабҳаи ҳақ ва заминасозӣ барои низоми нави ҷаҳонӣ аст; зеро ҳар гоҳ ҷабҳаи ҳақ таваккул ва истиқомат ва фидокорӣ дошта бошад, ҷабҳаи ботил бо ҳар қудрат ва тавоне ва ҳар кӣ ва ҳар чӣ бошад, дар баробари он тоб нахоҳад овард ва ақибнишинӣ ва ҳазимат фарҷоми қатъии он аст, ки اِنَّ الباطلَ کانَ زَهوقا («Ҳамоно ботил нобудшаванда аст», Қуръон, Исро 17:81).
Бо ҳамди Худо миллати Эрон дарсҳои бузургеро аз омӯзаҳои Исломи ноби Муҳаммадӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва маорифи Инқилоби исломӣ ва мактаби раҳбарони ҳакими худ, Хумайнии Кабир ва Хоманаии шаҳид (аълаллоҳу мақомаҳума-ш-шариф), ба хубӣ фаро гирифта ва рӯз ба рӯз бо таҳаққуқи ваъдаҳои илоҳӣ имонаш ба ҳаққонияти ин роҳ амиқтар шудааст. Имрӯз дар асари расвоии худсохтаи мустакбирон қудрат ва салтаи рӯ ба заволи Амрико дар ҳар ду буъди қудрати сахти низомӣ ва қудрати нарми байналмилалӣ дучори суқути бебозгашт шуда ва раванди фурӯпошии он суръат гирифтааст.
Агар ҳанӯз касоне ҳастанд, ки андак умеде ба тағйири рафтор ё ҷобаҷоиҳои ҳизбӣ ва ҷиноҳӣ дар низоми салта доранд ва ё тасаввур мекунанд, ки бо имтиёз додан ба Амрико метавонанд ӯро аз душманӣ бо миллати Эрон мунсариф кунанд, сахт дар иштибоҳанд. Ин тасаввури ботил носипосӣ нисбат ба футуҳоти азимест, ки миллати мусалмони Эрон дар сояи таваккул, истиқомат ва муҷоҳадат ба даст овардааст. Орзуи Шайтони бузург таслими бе қайду шарти миллати Эрон аст ва камтарин гароиши таслимомез ба душмани салтагар сармояи азимеро, ки ба баракати хуни шаҳидон ва бо фидокории оҳоди миллат ба даст омадааст, барбод хоҳад дод ва душмани мустакбирро барои зиёдахоҳии бештар ва ҷангҳо ва ҷасоратҳои баъдӣ густохтар хоҳад кард.
Танҳо роҳи расидан ба нуқтаи боздорандагии мутлақ идомаи роҳбурди «Эрони ҳар чӣ қавитар» дар масири пешрафти ҳамаҷониба аст; ва якпорчагӣ, ваҳдат ва инсиҷоми иҷтимоӣ унсури асосии муваффақият дар ин масир мебошад, ки лозим аст бар ҳар гуфтор ва кирдори фардӣ ва иҷтимоии миллат ва масъулон ҳоким бошад. Дар ин замина ҳамчунон ки ҳимояти миллат аз масъулон амре лозим аст, идома ва иртиқои таваҷҷуҳи масъулон ба хидмати музоъаф ва ҷиҳодӣ ва самимият бо мардум ва таъмини маишат ва осоиш ва рушди моддӣ ва маънавӣ ва ҳифзи иззат ва истиқлоли онон низ дорои аҳамият аст.
Қишри пешрав барои сохтани ояндаи равшан ва шукӯҳманди Эрони азиз ҷавонон, донишҷӯён ва донишомӯзонамон ҳастанд, ки бояд ба таври мустамар дар пайи тасхир ва вайронсозии лонаи торики «яъс ва ноумедӣ ва нашуданҳо» ва фатҳи хонаи равшани «умед ва мо метавонем» бошанд. Лозимаи ин маъмурият варзидагии фавқулодда ва муҷаҳҳаз шудан ба анвоъи силоҳҳои илм ва тақво ва маҳорат ва ахлоқ ва ирода ва талоши фавқулодда ва «ҳамаҳдӣ» барои расидан ба ҳадафҳои волост.
Умед аст, ки ба лутфи илоҳӣ ва дуои сарварамон (аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳу-ш-шариф) миллати Эрон пирӯзӣ, саодат ва пешрафти ҳамаҷонибаро ҳар чӣ зудтар таҷриба намояд ва асбоби афули ҳар чӣ бештар ва сареътари салтаи Шайтони бузург фароҳам шавад. اِنّهم یَرونَهُ بعیداً و نَراهُ قریباً («Ҳамоно онон онро дур мебинанд ва Мо онро наздик мебинем», Қуръон, Маориҷ 70:6–7).
Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ
13 обони 1405