Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ

بسم الله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

مِنَ الْمُؤْمِنِينَ رِجَالٌ صَدَقُوا مَا عَاهَدُوا اللهَ عَلَيْهِ فَمِنْهُمْ مَنْ قَضَى نَحْبَهُ وَمِنْهُمْ مَنْ يَنْتَظِرُ وَمَا بَدَّلُوا تَبْدِيلًا (1)
Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки бо он паймоне, ки бо Худо бастанд, ростӣ карданд; баъзе аз онҳо паймони худро ба поён расониданд (ба шаҳодат расиданд) ва баъзе дигар мунтазиранд ва ҳаргиз (аҳди худро) дигаргун накарданд. (Қуръон, Аҳзоб 33:23)

Бори дигар душмани амрикоӣ-саҳюнистӣ, ки дар ҷанги таҳмилӣ алайҳи миллат ва размандагони ғаюри Эрони исломӣ ва дар нақшаҳои шуми худ бо шикастҳои пай дар пай рӯ ба рӯ шудааст, ба ҳарбаи ҳамешагии терроризми саҳюнӣ ва террори яке аз сардорони ҷомеаи иттилоотӣ ва амниятии кишвар чанг зад. Сардор сарлашкари посдор Сайид Маҷиди Ходимӣ, ки чанд даҳа дар арсаҳои амниятӣ, иттилоотӣ ва дифоии кишвар муҷоҳидатҳои фаровон ва хомӯш дошт, ба файзи шаҳодат ноил шуд, аммо саффи устувори размандагон ва муҷоҳидони роҳи ҳақ ва ҳақиқат дар Эрони исломӣ ва нерӯҳои мусаллаҳи ҷонфидо чунон саффи баланд ва бунёни марсус (бинои рӯйин) шудааст, ки террор ва ҷиноят наметавонад дар ормони ҷиҳодии онҳо халале эҷод кунад.

Шаҳодати ин сардори гумном ва рашидро ба хонаводаи муҳтарам, ҳамразмон ва фармондеҳони Созмони иттилооти Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ табрик ва таъзият арз мекунам ва баландии мақоми ӯро аз Худованди маннон хоҳонам.

Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ
17 Фарвардини 1405

1) Сураи Аҳзоб, ояти 23