- Саҳифаи асосӣ
- Паёмҳо
- 18 июни соли 2026
Паёми хитоб ба миллати Эрон дар бораи тафоҳумномаи президентҳои Эрон ва Амрико
Ин тарҷумаи матни аслии форсӣ аст. Матни аслӣ ба форсӣ
بسم الله الرّحمن الرّحیم
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Миллати пуршӯр ва бовафои Эрон! Чунон ки огоҳ шудед, тафоҳумномае миёни президентҳои Эрон ва Амрико ба имзо расид. Дар масири расидан ба ин марҳила масъулони амр аз рӯи дилсӯзӣ ва бо ҳусни назар талошҳои зиёде ба амал оварданд ва албатта ин президенти Амрико буд, ки аз рӯи дармондагӣ аз анвоъи аҳрумҳо барои ин амр истифода мекард. Банда алал-усул назари дигаре доштам, вале аз боби таъаҳҳуде, ки президенти муҳтарам ҳамчун раиси Шӯрои олии амнияти миллӣ аз тарафи худ ва дигар аъзо дар посдошти ҳуқуқи миллати Эрон ва ҷабҳаи муқовимат ба банда доданд ва ба қабули масъулияти он тасреҳ намуданд, иҷозаи онро содир намудам. Эшон ҳамчунин тасреҳ кардаанд, ки агар ҷониби амрикоӣ бихоҳад зиёдахоҳӣ кунад, зери бори он нахоҳанд рафт. Аз ин лаҳза мо, яъне шумо, миллати сарафроз, ва ин хидматгузори ночиз, мунтазири таҳаққуқи шартҳои гуфташуда хоҳем буд. Аммо бадеҳист, ки музокироти ҳузурӣ, ки дар оянда баргузор хоҳад шуд, ба маънои пазириши назари душман нахоҳад буд. Умедворем, ки дуои хайри сарварамон (ъаҷҷалаллоҳу таъоло фараҷаҳуш-шариф) анвоъи нусратҳо ва футӯҳотро барои миллати бошарафи Эрон ба армуғон оварад.
والسّلام علیکم و رحمة الله و برکاته
Ва салом ва раҳмат ва баракоти Худо бар шумо бод.
Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ
28 Хурдоди 1405